Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

9 май: Дар Маскав ва дар Таллин


Дар паради низомии Майдони Сурхи Маскав ҳафт ҳазор афсару сарбози нерӯҳои Русия иштирок карданд. Пирӯзӣ дар ин ҷанги хонумонсӯз бар ивази ҳаёти беш аз 25 миллион сокини ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ба даст омадааст. Аз болои Мавзолейи Ленин президенти Русия гуфт, ки рӯзи ғалаба рӯзи ваҳдати мардуми собиқ Шӯравӣ мебошад:

"Рӯзи пирӯзӣ на танҳо мардуми Русия, балки ҳамсояҳои мо дар кишварҳои Муштаракулманофеъро ба ҳам наздику муттаҳид мекунад. Мо ба он насл, ки бори вазнини ҷангро бар дӯш гирифт, сипоси зиёд мегӯем. Ва имрӯз онҳое, ки ин таҷрибаи гаронбаҳоро нодида мегиранд, ...онҳое, ки ба муҷассамаҳои қаҳрамонони ҷанг беҳурматӣ мекунанд, мегӯем, онҳо миллати худро таҳқир мекунанд. Онҳо дар байни кишварҳову миллатҳо тухми адоват мекоранд".

Дар Киев президенти Украина Виктор Юшенко паради низомиро назорат кард ва гуфт:

"Ҳар фарде, ки барои Украина ҷангидааст, сазовори таҳсину эҳтиром аст. Дар чунин ҳол саҳми ҳар шахсе, ки дар солҳои 20, 30, 40 ва 50 баҳри истиқлоли Украина мубориза бурдааст, қадрдонӣ хоҳад шуд. "

Рӯзи ғалаба дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон ҳам ба таври мутантан таҷлил шуд.

Аммо Эстония ба монанди дигар мамолики аврупоӣ поёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва Рӯзи ёдбуди тамоми қурбониҳои ин низоъро 8-уми май ҷашн гирифт. Вале ҷашнвораи имсоларо ташаннуҷе, ки баъди кӯчонидани муҷассамаи сарбози шӯравӣ аз маркази шаҳри Таллин сар зада буд, хатчадор кард. То ҳанӯз ғорат ва шикасту рехти лавҳаву тирезаҳои фурӯшгоҳҳои маркази Таллин рафъ нашудааст.

Сафорати Русия дар Эстония ва мардуми ба ваҷҳи умум русзабони ин кишвар нуҳуми майро ҳамчун Рӯзи пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил намуданд. Ҳоло муҷассамаи сарбози шӯравӣ дар қабристони низомии шаҳри Таллин ҷой гирифтааст. Рӯзи сешанбе раҳбарони ҳукумат ва намояндагони сафоратҳои хориҷии мустақар дар Эстония дар назди муҷассамаи сарбоз гулчанбар гузоштанд, вале сафири Русия аз ширкат дар ин маърака худдорӣ кард.

Фарқ дар таҷлили рӯзи интиҳои ҷанг ихтилофҳои бузургтаре миёни Эстонияву Русияро ошкор менамояд. Андрес Касекамп, устоди таърих дар Донишгоҳи шаҳри Тарту мегӯяд, ки Эстония мисли дигар мамолики назди баҳри Балтик ва Аврупо поёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳониро таҷлил менамояд:

" Барои мо, мардуми эстонӣ, Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ соли 1939 оғоз ёфта, дар соли 1945 хотима ёфт. Ба фикрам, мардуми аврупоӣ ва ғарбӣ ин мавқеъро дарк ва дастгирӣ мекунанд. Аммо барои русҳо ин Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад, ки бо ҳамлаи Ҳитлер ба Русияи Шӯравӣ шурӯъ шудааст. То он замон Русияи Шӯравӣ иттифоқчии Олмони Натсистӣ буд. Барои мо фоҷеаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ барвақттар оғоз ёфт. Соли 1939 Артиши Шӯравӣ дар Эстония пойгоҳ бунёд намуд ва дар соли 1940 кишварҳои назди Балтик пурра таҳти тасарруфи Иттиҳоди Шӯравӣ қарор гирифтанд."

Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо иброз дошта буд, ки ҷумҳуриҳои назди Балтик бо хоҳиши худ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ шуда буданд. Дар Русияи имрӯза ҳам мардуми зиёде пуштибонӣ ҳамин ақидааст. Ду ҳафта пеш ин ихтилофи назар боиси мавҷи хушунат дар кӯчаҳои Таллин гардид. Дмитрий Кленский, яке аз пешвоёни ҷумбиши "Ночной Дозор", яъне "Ҳимояти Шабона", ки муҳофизати муҷассамаи сарбози шӯравӣ дар маркази Таллинро бар дӯш дошт, мегӯяд, ки дар Эстония русҳоро бесабаб табъиз мекунанд:

"Аз нуқтаи назари равонӣ мушкилӣ ин аст, ки дар Эстония аксари мардум худро муҳоҷир намешуморанд. Ва ин дар ҳолест, ки ба мо ҳамчун муҳоҷир муомила мекунанд. Бубахшед, вале чӣ гуна як шахс метавонад шаб дар як мамлакат хоб кунаду субҳ дар ҳамон ҷои хобаш ҳамчун сокини кишвари дигар бедор шавад. Шахс воқеан аз ҷояш ба ҷои дигаре ҳаракат накардааст!"

Кленский рус бошад ҳам дар Эстония ба дунё омада, ба забони ин кишвар озода ҳарф мезанад. Вай мегӯяд, барои русзабонҳои Эстония муҷассамаи сарбози шӯравӣ маркази худшиносӣ буд ва бе ҷо кардани ҳайкал эътимоди онҳо ба ҳукумати маҳаллиро коҳиш медиҳад. Дар соли 1939 шумораи мардуми русзабон дар Эстония 10 дар садро ташкил медод. Дар соли 1989 ин рақам ба 35 фоиз баробар шуда буд. Ҳозир дар Эстония 30 дар сади аҳолӣ худро русзабон меномад.

Кленский таъкид мекунад, ки дар Эстония русҳо мавриди таъқиби сиёсӣ қарор гирифтаанд. Ӯ меафзояд, ки дар ин кишвар имкони пайдо кардани кору таҳсил барои русзабонҳо душвортар аст. Аммо мақомоти Эстония ин иддаоро беасос номида, исрор меварзанд, ки ҳар довталаби шарҳвандии Эстония бояд имтиҳони забони эстониро супорад.

Хулоса, кӯчонида муҷассамаи сарбози шӯравӣ дар равобити Маскаву Таллин ва умуман, ҷашни ботантанаи 62-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар Русия таъсир гузошт. Гурӯҳҳои ҷавонони ҷонибдор аз Кремл дар гирду атрофи сафорати Эстония раҳпаймоиҳоиву урдугоҳ ташкил намуда, сӯи сафорат сангпартоӣ карданд. Паймони Нато ва раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо гирдиҳамоиҳои атрофи сафорати Эстония дар Маскав ва фишор болои кормадони сафорати ин кишварро танқид намуданд. Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Борис Очкин бо даҳҳо медалу орден дар сари синааш Рӯзи пирӯзиро дар Майдони Сурх ҷашн гирифт. Ба қавли Очкин кӯчонидани муҷассамаи сарбоз собиқадорони зиёдро нороҳат кард:

" Албатта аз ин амал мо хеле нороҳат ҳастем. Онҳо бояд аз ин кор худдорӣ мекарданд. Кӯчонидани муҷассама туфест, ба рӯи мо. Дуруст мебуд, агар онҳо ин корро ба тадриҷ баҳс намуда, сипас, муҷассамаро бо эҳтиром ба ҷои нав мекӯчониданд. На ба он шакле, ки эстониҳо ин амалро ба сомон расониданд. Ин таҳқири низомиёни мо мебошад, вале ин аллакай сиёсат аст."

Мақомоти Русия созмонҳои ғарбиро бо кӯшиши бознигарии таърих ва беҳурматӣ ба хотираи сарбозони шӯравии дар Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ ба ҳалокат расида муттаҳам мекунанд. Собиқадори ҷанг Михаил Борисов гуфтаҳои раҳбарони Русияро дастгирӣ мекунад. Ӯ ба ғазаб омадааст, ки имрӯз дар баъзе кишварҳои Аврупои Шарқӣ русҳоро таҷовузгар меноманд.

"Чӣ гуна мо таҷовузгар ҳастем. Моро бо гул пешвоз мегирифтанд. Ман савори асп будам. Як муйсафед музаи маро бӯса кард. Ӯро касе маҷбур накарда буд. Дар Чехословакия, Руминия... дар ҳама ҷо. Ҳатто соли 1940 вақте сарбозони мо ба ҷамоҳири назди Балтик дохил шуданд, вазъ ҳамин буд. Ба китобҳои таърихӣ назар кунед!"

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вазири мудофиаи Эстония Яак Аавиксоо гуфт, муҷассамаи сарбози шӯравӣ, ки бо лақаби сарбози биринҷӣ маъруф аст, мебоист аз маркази шаҳри Таллин берун кашида шавад, зеро барои аксарияти сокинон муҷассамаи сарбоз ба рамзи нерӯҳои мухолифи истиқлоли Эстония табдил ёфта буд.

"Барои ҳар касе, ки каме аз рӯйдодҳои нуҳуми маи соли гузашта огаҳӣ дорад, зарурати аз байн бурдани муҷассама возеҳ аст. Дар тӯли солҳои ахир - аз замоне, ки президент Путин сари қудрат омадааст, истиқлоли Эстония мавриди ҳамла қарор гирифтаву Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси режими дорои қудрати мутлақ таърифу тавсиф мешавад. Соли гузашта онҳо дар болои сарбози биринҷӣ байрақи Шӯравиро овехта, парчами серангаи Эстонияро зери по намуданд. Онҳо шахсонеро, ки бо парчами Эстония ҳозир шуда буданд, аз он ҷо берун карданд. Полис ҳам баҳри ҳифзи назму субот парчамҳои сурхи шӯравиро даст назад. Ҳамон лаҳза маълум шуд, ки косаи сабри мардуми Эстония лабрез гаштааст."

Пас чаро муҷассамаи сарбозро понздаҳ сол пеш ҳамзамон бо соҳибистиқлолии Эстония аз байн набурданд? Ба ин суол вазири мудофиаи Эстония чунин посух дод:

"Мо метавонем бигӯем, ки чаро муҷассамаро дар соли 1989, 1991 ва ё 1992 баъди қабули қонуни асосии нав ба ҷои дигар набурданд. Сабаб зиёд аст ва ба фикрам кӯшиши мусолиҳа яке аз онҳо мебошад. Боз фаромӯш накунед, ки то соли 1994 артиши шӯравӣ дар ин ҷо мустақар буд. Вақте онҳо кишварро тарк карданд, эҳсоси ташаннуҷ фурӯ нишонда шуд. Он замон рӯҳияи ҳамкорӣ пешдастӣ мекард, на маҳву харобкорӣ. Сипас масъалаи вуруди кишварамон ба Нато ва Иттиҳодияи Аврупо аҳамият пайдо кард ва мо ба оянда таваҷҷӯҳ мекардем, на ба гузашта. Низоъ замоне авҷ гирифт, ки мо фаҳмидем : Сарбози биринҷӣ бахше аз ҷанг бар зидди ҷумҳурии Эстония мебошад!"

Дар ҳар сурат иддао зиёд аст, ки дар Эстония русзабонҳо бо табъиз мувоҷеҳ ҳастанд. Ҳатто гуфта мешавад, ки ҳукумати Эстония сиёсати "Эстония барои эстониҳо"-ро пеш гирифтааст. Вазири мудофиаи Эстония Яак Аавиксоо ин нуқтаи назарро ҳам қабул надорад. Ӯ мегӯяд, ки мардуми зиёде дар давраи шӯравӣ ба Эстония омада, аз имтиёзҳои мухталиф баҳраманд буданд. Имрӯз вақте онҳо дар шароити баробар бо мардуми бумӣ гузошта шудаанд, худро таҳқиршуда меҳисобанд. Аавиксоо меафзояд:

" Дар масъалаи иттиҳоми табъиз то ҳол касе бо чунин парванда ба додгоҳ муроҷиат накардааст. Фикр мекунам, агар чунин иттиҳоме пайдо шавад, давлати Эстония қудрате меёбад, ки ин масъаларо баррасӣ кунад. Ба назари ман чунин мерасад, ки шикоятҳое дар масъалаи табъизи қавмиву забонӣ дар ҷумҳурии Эстония ҷой доштааст, вале мутаассифона мо онро ё надидем ва ё тавре ҳал гакардем, ки ба ҳокимияти қонун ва демократия мутобиқат кунад. Ба фикрам агар зарурат шавад , масалан, агар додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ва ё ягон додгоҳи дигари байналмилалӣ даъват намояд, мо ба баҳси ин масъала ва дифоъ аз мавқеамон ниёз дорем".

Тавре мебинем, ихтилоф миёни ду ҷамоаи бузурги ин кишвар васеъ мебошад. Аммо зиндагӣ давом дорад ва мардум бояд роҳҳои ҳамзистии осоиштаи дӯстонаро пайдо намоянд. Устоди донишгоҳи Тарту Александр Астров дар рӯзномаи эстонии " Эейстӣ Паевалеҳт" ҳафтуми май навишта буд, холигоҳе, ки дар ҷои муҷассамаи сарбози Шӯравӣ дар маркази Таллин боқӣ мондааст, метавонад монанди " Ground Zero" -и Нюйорк макони бунёди эътимоди тарафайн гардад.
XS
SM
MD
LG