Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро дар Тоҷикистон ҳайкал месозанду ҳайкал меафкананд?


Дар арафаи таҷлил аз 62-вумин солгарди пирӯзӣ бар фашизми гитлерӣ барафкандани ҳайкали Сарбози номаълум дар пойтахти Эстониё вокуниши шадиди мақаомот ва мардуми Русияро ба бор овард.


Бар тибқи пурсиши «Фараж», дар Тоҷикистон низ мардум аз ин амали ҳукуматдорони Эстониё ҷонибдорӣ накардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар кишвар аксари ҳайкалҳои сарбозону лашкаркашони рус, ки дар авоили асри 20 дар Тоҷикистон ҷангидаанд, барканор шудаанд.


Ба гунаи мисол, дар шаҳри Кӯлоб пайкараҳои генеролҳои маъруфи рус Шаталов ва Томинро барканор карданд, ки, ба масал, дар барқароркунии ҳукумати шӯроҳо бо мардуми маҳаллӣ, дақиқтараш, бо босмачиҳо, солҳои зиёде ҷангидаанд.


Аммо Аҳмади Иброҳим, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, барканор кардани пайкараҳои ин лашкаркашони рус нахустин гомҳои шинохтани ҳаркати ҳамон «босмачиҳо» ҳамчун ҳаркатҳои ватанхоҳӣ мебошад: «Худи аз миён бардоштани ҳайкалҳои ин «қаҳрамон»-ҳо, ки зидди тоҷикон ҷангидаанд, маънои арҷгузорӣ аз ҳамон ҳаракатҳои озодихоҳии миллиро дошт».


Аҳмади Иброҳим меафзояд: «Ҳайкалҳои Шаталов, комбриг Томин ва худи ҳайкалҳои Ленин кайҳо барафканда шудаанд. Ҷавонон воқеан ба ҳаркатҳои босмачигарӣ нигоҳи мусбат доранд, зеро онҳо барои Ватан меҷангиданд. Аммо насли калонсол, ки 70 сол зери таъсири идеоложии болшевикӣ қарор дошт, босмачигариро то ҳанӯз қабул надорад ва, бадеҳист, бардоштани ин ҳайкалҳоро аъмоли нодуруст меҳисобанд».


Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, коршиноси дигари маҳаллӣ, бар ин ақидааст, ки ин ҳайкалафканиҳо талаби замон буд, чунки арзишҳо дигар шудаанд. Ӯ мутмаин аст, ки ин иқдомро метавон ҳамчун як иқдоми сиёсӣ низ талаққӣ кард, ки тоҷиконистониён ҳамакнун мехоҳанд ба таърихи хеш таҷдиди назар кунанд.


Вале ақидаи раиси раёсати бозрасӣ ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангии кишвар Музаффар Азизӣ дар ин робита дигар аст: «Дар ҳама замон вайрон кардани ҳайкалҳо вандализм аст. Аммо, агар онҳо арзиши фарҳангӣ дошта бошанд, бояд бо қарори махсуси ҳукматҳои маҳаллӣ онҳоро барчида ва дар дигар макон ҷой кардан зарур аст. Ин бояд дар Боғи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб гузошта мешуданд. Зеро ин таърихи миллати мост ва он 70 соли шӯравӣ низ, бо ҳама бурду бохташ, дар таърихи мо сабт аст»


Вақте аз Музаффар Азизӣ дар бораи тақдири пайкараҳои Путовский, қаҳрамони инқилобӣ, ва Акашариф Ҷӯраев, сарояндаи саршиноси тоҷик, пурсидем, ӯ чунин посух дод: «Ҳайкали Путовский, ҳарчанд замоне афканда шуда буд, ҳанӯз ҳам побарҷост. Аммо таърихи нимпайкараи Акашариф Ҷӯраев риққатовар аст. Соли 1993 барои таҷлил аз 100 солагии марҳум бояд пайкараи ӯро мегузоштанд. Меъмор макети пайкараро аз гил сохта , ки акнун онро мискӯбӣ бояд мекарданд. Аммо чун рӯзи ҷашнвора расид, ба хулосае омаданд, ки нимпайкараи хомро мегузоранд ва баъди ҷашнвора онро баргирифта, баъди мискӯбӣ аз нав ба ҷояш мегузоранд. Ва ҳамин тавр ҳам карданд. Аммо шабе борони сахт бориду ҳайкали гилинро об шуст ва он дигар корношоям гардид. Бо ҳамин тақдири баъдии нимпайкараи Шариф Ҷӯраев то ҳанӯз номуайян боқӣ мондааст».


Ба гуфтаи ҳамкорам Маҳмуди Шодӣ, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии ахири кишвар размандагони собиқи мухолифи ҳукумат дар ин водии Рашт пайкараҳои Модари Ҳоит ва Нурсатуллоҳ Махсумро тарконда буданд.


Мавзӯъи пайкарасозӣ ва барафкандани пайкараҳо як мавзӯъи баҳсбарангез аст. Солҳои ахир дар Тоҷикистон ҳайкалу нимпайкараҳои зиёд сохтанд. Вале баъдан бисёре аз онҳо барандохта шуданд. Мисол, ҳайкалҳои Сангак Сафаров, Лангари Лангариев, Рустами Абдурраҳим ва даҳҳо тани дигарро, ки 15 сол муқаддам қаҳрамони миллӣ маҳсуб мешуданд, ҳамакнун бардоштаанд.


Вале ба ҳар ҳол имрӯз оё Тоҷикистон ба ҳайкалу муҷассамаҳо ниёз дорад? Агар дорад, пас ба чи ҳайкалу муҷассамаҳо?
XS
SM
MD
LG