Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ размандаи мухолифин 15 сол гирифт


Додгоҳи олии Тоҷикистон бо поён бурдани муҳокимаи парвандаи ҷиноии як тан аз аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии солҳои ҷанги шаҳрвандии ин кишвар ин фардро барои понздаҳ сол равонаи зиндон кардааст.



Салим Хоҷаев - додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ,ки масъулияти муҳокимаи парвандаи мазкурро ба ӯҳда доштааст гуфт дар ҷараёни мурофиа ҳама иттиҳомоти эъломшуда алайҳи узви ин дастаи мусаллаҳи ғайриқонунӣ собит шудааст. Оқои Хоҷаев афзуд, ки нафари маҳкумшуда дар соли 1998 низ барои бархе аз гуноҳҳои содиркардааш боздошт ва аз сӯи додгоҳ барои 8 сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Вале дар пайи эъломи афв ӯ пеш аз анҷоми мӯҳлати ҷазо озод гардид.



Аммо ҳамаи ҷиноёт, аз ҷумла куштори ду нафар аз аъзои як дастаи ғайриқонунии дигари мусаллаҳ бо истифода аз силоҳи оташфишонро дар давоми солҳои 1992-1993 содир кардааст. Ва аммо мулло Абдулло мулаққаб ба кӯри Абдулло, ки фарди маҳкумшуда узви дастаи мусаллаҳи вай будааст яке аз қумандонони пешини иттиҳоди оппозисиюни тоҷик дар шарқи кишвар буд,ки шароити сулҳи мухолифин бо ҳукумат дар соли 1997-ро напазируфт ва дар пайи саркӯбии гурӯҳҳои саркаш ва нофармон аз сӯи ҳукумат маҷбур тарки ватан кард.



Гуфта мешавад то шурӯъи амалиёти эътилофи байналмилалии зиддитеррор дар Афғонистон бо роҳбарии Амрико ӯ дар ин кишвар ба сар мебурдааст, вале ҳоло ҳеҷ гуна иттилоъи расмӣ ва ғайрирасмӣ дар мавриди ӯ дастрас нест. Дар ҳамин ҳол Салим Хоҷаев - додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон таъйид кард, ки нафари маҳкумшуда ва вакили дифоъи ӯ дар робита ба ҳукми додгоҳ эътироз накардаанд вале онҳо ҳақ доранд то даҳ рӯзи баъди эъломи ҳукм дурустии онро дар додгоҳи таҷдиди назар мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG