Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари ғайримунтазираи Дик Чейнӣ ба Бағдод


Дик Чейнӣ, муовини раиси ҷумҳури Амрико ҳангоми сафари ғайримунтазираи худ ба Бағдод бо мақомоти олирутбаи ироқӣ дидору гуфтугӯ кард.


Ӯ роҳҳои коҳиши хушунатҳои мазҳабӣ ва беҳбуд бахшидан ба вазъи амниятӣ дар Ироқро мавриди баҳс қарор додааст.


Дик Чейнӣ қабл аз дидору гуфтугӯ бо Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ ва дигар раҳбарони олирутбаи ин кишвар, бо Девид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ гуфтугӯ кард.


Ҳангоми боздиди Дик Чейнӣ аз Ироқ хушунат дар ин кишвар ҳамчунон идома кард ва бар асари инфиҷори як мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Ирбил 19 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG