Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори хушнудии созмонҳои байнулмилалӣ аз Узбакистон


Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон аз амри раҳоии журналист ва ҳомии ҳуқуқи узбак Умеда Ниёзова изҳори хушнудӣ карданд.


Ҳафтаи гузашта додгоҳи Ӯзбакистон, Умеда Ниёзоваро бо гуноҳи убури ғайриқонунии марз ва талош барои барангехтани ноамнӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард, вале рӯзи ҳаштуми май ин ҳукмро ба се соли шартӣ тағйир дода ва Умеда Ниёзоваро аз зиндон озод карданд.


Созмони Хонаи Озодӣ, Freedom House гуфта буд, боздошти Умеда Ниёзова ба фаъолияти ҳирфаии ӯ рабт дошт.


Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ҳадди аққал чаҳордаҳ ҳомии ҳуқуқи инсон дар Узбакистон ҳанӯз ҳам дар зиндон ҳастанд ва боздошти онҳо низ ангезаҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG