Пайвандҳои дастрасӣ

Пайкори тоҷикон дар ҷанг оё беҳуда буд?


«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» - имрӯз ин шиори баъдиҷангиро дар ҳама кӯчаву хиёбонҳои марказии Душанбе дидан мумкин аст. Аммо пурсишҳои мо нишон доданад, ки миёни ҷавонони тоҷик на ҳама аз таърихи ғалаба бар фашизми ҳитлерӣ огаҳанд ва аксари онҳо ин рӯзро аслан ҳамчун иди расмӣ таҷлил мекунанд.

Кумитаи собиқадорони ҷанг мегӯяд, ки дар набардҳои фашизми ҳитлерӣ аз Тоҷикистон беш аз 290 ҳазор сарбоз ширкат кардаанд, ки аз ин миқдор танҳо 90 ҳазори онҳо ба Ватан баргаштанду халос.

Баҳрин, ки 28 сол дорад, бар ин назар аст, ки ин ғалаба аслан на пирӯзии мардуми Тоҷикистон, балки Русия аст. Аз нигоҳи вай, соли шурӯъи ҷанг Тоҷикистони шӯравӣ ҳамагӣ 17 сол дошту дар асл таҳти султаи Русия қарор гирифта буд ва аз лиҳози сиёсиву фарҳангӣ аллакай ҷабри зиёди болшевикҳоро кашида буд.

Аммо донишманди тоҷик Иброҳим Усмонов бо фикри ин ҷавон розӣ шуда наметавонад ва ғалаба бар фашисти ҳитлериро чун пирӯзии барҳаққи халқи тоҷик арзёбӣ мекунад.

Ин ҳама андешаҳо дар ҳоле ба гӯш мерасанд, ки сол то сол теъдоди сарбозони ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар кишвар камтар мешавад. Дар ҳоле ки соли гузашта шумораи шикратдорони ҷанг дар Тоҷикистон ба 5600 нафар мерасид, иди ғалабаи имсоларо дар кишвар танҳо 4 ҳазору 900 нафари онҳо ҷашн гирифтанд.

Oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG