Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Ғалаба дар Таллин


Аҳто Лобйакас Расми гулгузорӣ дар пояи пайкараи Сарбози биринҷӣ дар қабристони ҳарбии Эстония бе сарусадо ва нутқу мусиқӣ, танҳо дар зери хониши парандагони сари шохсори дарахтон ва шарфаи пойи садҳо нафар дар раҳравҳои сангрезаӣ ҷараён гирифт.

Рӯзи 9-уми май сафири Русия дар Эстония Николай Успенски бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш ба ҷумлаи журналистон дар пойи ҳайкал гулчамбар гузошт ва гуфт, моҷарои марбут ба ин пайкара равобити Русия ва Эстонияро ба тӯфони эҳсосот рӯбарӯ кардааст. Вай гуфт: "Нуҳуми май иди мост ва дар Русия ба таври густарда таҷлил мешавад ва барои ман бисёр қонеъкунанда аст, ки ин иди моро дар Эстония низ ҷашн мегиранд. Собиқадорони мо дар ин ҷо зиёданд ва имрӯз бо ҳам хоҳем буд, ҳоло дар ин қабристон ва баъдан низ тибқи барнома."

Успенски аз даъвати мақомоти Эстония ба ширкат дар расми гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанги ҷаҳонии дуввум, ки дирӯз дар ин қабристон барпо шуд, худдорӣ кард. Ҳаштуми май дар кишварҳои Аврупо рӯзи пирӯзӣ бар фошизм аст ва дирӯз мақомоти баландпояи Эстония дар ин ҷо, ба пояи пайкара гулчамбар гузоштанд.

Ин аввалин бор буд пас аз касби истиқлолияти Эстония дар соли 1991, ки раҳбарони он ба пояи ҳайкали Сарбози биринҷӣ гул гузоштанд. Сарвазири Эстония Андрус Ансип як моҳ пеш ин пайкараро рамзи ишғолгарии шӯравӣ номид ва ба кӯчондани он аз маркази шаҳр дастур дод. Ин иқдом эътирози аҳолии русзабони Эстония ва мақомоти Маскавро ба амал овард. Бо назардошти тазоҳурот ва задухӯрдҳои хиёбонӣ, ҳукумати Эстония ҳама гуна ҳамоишро дар Таллинн, ба истиснои қабристонҳои ҳарбӣ, манъ кард. Он ҳамчунин фурӯши машруботро низ барои се рӯзи оянда мамнӯъ эълом дошт. Вале эътироз дар шаклҳои дигар идома дорад. Бархе аз собиқадорони ҷанг аз зиёрати қабристони ҳарбии Таллинн худдорӣ карданд. Президенти Русия дар нутқи табрикии худ ба моҷаро ишора кард ва ҷавонони рус дар Петербург аз фурӯшандаҳо хостанд, моли тавлиди Эстонияро ба фурӯш нагузоранд.

Мавқеи Русияро кишварҳои Ҷомеаи ҳамсуд пуштибонӣ карданд. Ҳамзамон дар Литвониё як намоиши пуштибонӣ аз этсонҳо ҷараён гирифт ва ҳукумати Лаҳистон ё Полша гуфтааст, ҳайкалҳои замони Олмони фошистӣ ва Иттиҳоди Шӯравиро бознигарӣ мекунад.

Николай Успенски, сафири Русия дар Эстония дар пояи ҳайкали Сарбози биринҷӣ амалкарди мақомоти эстонро "тавҳин ба муқаддасот" номид ва гуфт, набояд кас чунин корро мекард, вале афзуд, акнун бояд ба оянда нигарист.
XS
SM
MD
LG