Пайвандҳои дастрасӣ

Райс дар мавриди Эрон: "Роҳи ҳалли низомии бӯҳрон низ сарфи назар нест"


Вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гуфт, ки раиси ҷумҳур Ҷорҷ Буш агарчӣ ҷӯёи роҳи ҳалли дипломатии буҳрони ҳастаии Эрон аст, аммо роҳи ҳалли низомиро низ сарфи назар нахоҳад кард.


Кондолиза Райс дар ин бора ҳангоми мусоҳиба бо телевизиони арабизабони ал-Арабия сухан гуфт.


Кишварҳои ғарбӣ Эронро муттаҳам мекунанд, ки барои сохтани силоҳи атомӣ талош дорад.


Қарор аст, нуҳӯми май дар шаҳри Берлин қудратҳои ҷаҳонӣ бори дигар барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эронро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG