Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порлумони Афғонистон бо Толибон муколама мехоҳад


Порлумони Афғонистон мувофиқат кардааст, то ҷиҳати мутақоид кардани пайкорҷӯёни Толибон барои пазируфтани давлати Афғонистон бо онҳо муколама сурат бигирад.


Дар пешнависи қонуни нави порлумони Афғонистон ҳамчунин хоста шудааст, ки нерӯҳои байналмилалӣ бояд ба амалиётҳои низомии худ хотима диҳанд ва танҳо дар сурати мавриди ҳамла қарор гирифтан амалиёти ҷавобӣ анҷом бидиҳанд.


Як сухангӯи низомии Амрико гуфт, ки аз тарҳи порлумони Афғонистон огоҳ аст, аммо дар робита ба он ибрози назар накард.


Аммо пешнависи мазкур дар сурате ҳукми иҷроро мегирад, ки палатаи поёнии порлумон онро таъйид ва раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай онро имзо кунад.
XS
SM
MD
LG