Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон пирӯзӣ бар фошизмро таҷлил кард


ыш

Тоҷикистон бо як роҳпаймоии низомӣ дар боғи Ғалабаи пойтахт шасту дуввумин солгарди пирӯзӣ бар фашизми гитлерӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро таҷлил кард.


Дар ин роҳпаймоӣ тақрибан аз ду ҳазор афсару сарбоз ва теъдоди зиёди техникаи низомӣ кор гирифта шуд.


Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон тақрибан чаҳор ҳазору нуҳсад афроде, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат карда буданд, ба сар мебаранд. Соли гузашта дар Тоҷикистон Иди Ғалабаро беш аз панҷ ҳазору шашсад иштирокчии ҷанг ҳамроҳ бо мардуми ин кишвар ҷашн гирифта буданд.


Тоҷикистон дар солҳои 1941 - 1945 беш аз 290 ҳазор сокини худро ба ҷабҳаи ҷанги алайҳи фашистони гитлерӣ фиристодааст. Аз ин шумор ба пайвандони тақрибан сад ҳазор нафар «хатти сиёҳ» омада буд. Панҷоҳу чаҳор тоҷикистонӣ барои корнамоиҳое, ки дар ҷабҳаҳои тақдирсоз нишон доданд, бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарафроз шудаанд.


Бино ба оморҳои мухталиф, дар чаҳор соли ҷанг дар майдонҳои ҷанг ва лагерҳои консентратсионии фашистон беш аз 30 миллион нафар кушта шудаанд. Дар маҷмӯъ дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳон (аз 1-уми сентябри соли 1939 то 2-уми сентябри соли 1945), ба ҳисоби муаррихон, беш аз 50 миллион одам ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG