Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабдаҳ кишваре, ки ҳуқуқи инсонро арзише қоил нестанд


Тибқи гузориши ин созмон, дар ҳашт кишвар - Бирма, Куба, Либия, Кореяи Шимолӣ, Сомалӣ, Судон, Туркманистон ва Узбакистон озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар сатҳи поинтарин қарор доранд. Дар ин кишварҳо аҳзоби мухолиф ва созмонҳову расонаҳои хабарии мустақил мамнӯъ ва ё саркӯб шудаанд, мардум ҳамарӯза хатари муҷозот барои ибрози андешаи ғайрро эҳсос мекунанд. Ба рӯйхати 17 кишвари мустабиди олам Фридом Ҳауз ҳамчунин Белорус, Чин, Кот д Ивуар, Гвинея, Эритрея, Лаос, Арабистони Саудӣ, Сурия ва Зимбабверо шомил кардааст. Мақомоти ин кишварҳо низ озодиҳои сиёсиро поймол мекунанд, ба ташкили созмонҳои мустақил иҷоза намедиҳанд, рӯзномаҳои мустақилро таҳти тафтиш қарор додаанд ва мунаққидони ҳукуматро муҷозот мекунанд.

Фридом Ҳауз дар робита ба вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон навиштааст, ки баъд аз ошӯб дар шаҳри Андиҷон дар соли 2005, ҳукумати Ислом Каримов ба зиндон афкандани дигарандешон ва фишор болои расонаҳои мустақилро ташдид бахшид, созмонҳое, ки бо сармояи кишварҳои хориҷӣ фаъолият мекарданд, баста ва ё аз кишвар ронда шуданд. Фридом Ҳауз бори дигар аз ҳаводиси Андиҷон ёд овардааст, ки моҳи майи соли 2005 ба саҳнаи муқовимати неруҳои мусаллаҳ ва мардуми аз ситами ҳукумату фақру нодорӣ ба дод омада табдил шуд. Ҳудуди се ҳазор сокини Андиҷон, аз ҷумла, занону кудакон бо шиорҳои зиддиҳукуматӣ дар маркази шаҳр ҷамъ омаданд. Ҳукуматдорон ба хотири пароканда кардани тазоҳурот ва аз эътирозгарон холӣ кардани як бинои қаблан тасарруфшуда аз истифодаи неру кор гирифтанд.

Фридом Ҳауз бо такя ба иттилоъи шоҳидони ҳодиса навиштааст, ки сарбозон сӯи мардум оташ кушоданд, ҳатто сӯи онҳое, ки аз майдон фирор мекарданд ва ё ҷароҳат бардошта буданд. Ба иттилоъи расмии Тошканд, дар ин ҳодиса 187 нафар ба ҳалокат расиданд ва аммо манбаъҳои ғайрирасмӣ теъдоди кушташудагон дар ошуби Андиҷонро қариб 800 нафар ҳисоб кардаанд.

Олег Панфилов, раиси Маркази журналистикаи экстрималии Русия ва коршиноси масоили минтақа дар ташреҳи гузориши Фридом Ҳауз ба мо гуфт:

«Кишварҳое, ки он ҷо режимҳои худкома на фақат расонаҳои хабарӣ, балки ҳама талошҳои ташкили ҷомеъаи шаҳрвандиро таҳти назорат мегиранд, ҳамеша аз он доду фиғон мекунанд, ки созмонҳои байнулмилалӣ аз помолкунии ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо ҳарф мезананд. Ва аммо худи онҳо барои ислоҳи вазъ иқдоме намекунанд ва чизеро тағйир намедиҳанд, аз ҷумла, баъд аз сари қудрат омадани раисиҷумҳури нави Туркманистон чизе тағйир наёфт, дар Узбакистон бошад, баъд аз ҳаводиси Андиҷон саркӯбкунӣ афзоиш ёфт ва на фақат ҳомиёни ҳуқуқи башар, на фақат хабарнигорон, балки ҳамкори мо Умеда Ниёзоваро низ ба зиндон афканданд.»

Аз нигоҳи Фридом Ҳауз, дар Туркманистон вазъи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ баъди сари қудрат омадани раисиҷумҳури нав Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ тағйир нахӯрдааст. Туркманистон, ба Иттилоти созмони Транспаренси Интернешнл, дар миёни 163 кишвари гирифтори фасод дар хати 142 қарор дорад. Дар ин кишвар озодии баён маҳдуд шудааст - ҳама расонаҳои хабарӣ ва садову симо таҳти назорати ҳукумат қарор доранд. Айни ҳол, дар Туркманистон теъдоди ками хабарнигорони хориҷӣ фаъолият мекунанд, зеро ҳукумат як гурӯҳи онҳоро аз кишвар берун кардааст. Аз ҷумла, соли 2005 хабарнигори оҷонси русии РИА Новости Виктор Панов бо иттиҳоми ҷосусӣ аз Туркманистон берун карда шуд. Соли гузашта хабарнигори Радиои Озодӣ Оғулсафар Муродова низ бо иттиҳоми ҷосусӣ маҳкум ба зиндон шуд ва бо сабабҳои то ҳол норӯшан дар маҳбас аз дунё даргузашт. Кристоф Уокер - раҳбари бахши пажуҳиши Фридом Ҳауз низ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вазъи озодиҳои сиёсӣ, аз ҷумла, озодии матбуот дар Туркманистонро бадтарин дар минтақа арзёбӣ кард:

«Туркманистон дар пажуҳишҳои мо миёни кишварҳои бештар аз ҳама мустабид ҷойгир аст. Марги раисҷумҳур албатта дарро ба рӯи тағйирот боз кард ва аммо аз рӯи пажуҳишҳои ахир душвор аст гуфтан, ки ин дар то кай боз хоҳад монд. Албатта, афзоиши иттилоъ аз кишвар ва иҷозаи озодии матбуот барои кишвари фақиру дарбастае чун Туркманистон гоми басо муҳиме мебуд.»

Ба иттилоъи Фридом Ҳауз, ҳукумати Туркманистон озодиҳои мазҳабии шаҳрвандонро низ маҳдуд мекунад ва бархе аз гурӯҳҳои мазҳабӣ таҳти фишори шадид қарор доранд. Мақомот таълиму тадриси диниро назорат мекунанд, теъдоди масоҷид дар кишвар солҳои ахир ба карат коҳиш ёфт. Ҳукумат аз масоҷид ва ибодатгоҳҳои дигар адён тақозо дорад, ки китоби Сафармурод Ниёзов "Рӯҳнома"- ро ҳамеша рӯи даст дошта бошанд. Ҳарчанд Қонуни асосӣ баргузории намоишу гирдиҳамоиҳои осоиштаро иҷоза медиҳад, дар асл ин озодиҳо қариб ки комилан аз байн рафтаанд, омадааст дар гузориши Фридом Ҳауз.
XS
SM
MD
LG