Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Хима" ва "Динамо" дар Ҷоми ФФТ


Дастаи «Хима»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон тими меҳмон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дод.

Шариф Назаров, сармураббии дастаи «Хима» ба радиои Озодӣ гуфт, бозӣ бо рақиби аслӣ - «Парвоз» хеле пуршиддат сурат гирифт ва ғалаба дар ин дидор барои мо ба осонӣ ба даст наомад. Вай афзуд, дар ҳайати даста тағйироти зиёд ба амал наомадааст, вале ба бошгоҳи футболи шаҳри Новотроитски Русия гузаштани бозигари моҳир Раҳматулло Фузайлов, ки ӯро ба иҷора додаем, барои мо хеле гарон аст.

Дар бозии дигар «Динамо»-и Душанбе дар майдони худ CSKA «Помир»-и Душанберо бо натиҷаи 2 бар 0 мағлуб сохт.

Дар ду бозии охирини даври дуввум бегоҳи рӯзи 9-уми май «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Энергетик»-и Душанбе бо тими меҳмон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа рақобат хоҳанд кард.

Дар айни ҳол дар гурӯҳи «А» «Регар» ТадАЗ ва дар гурӯҳи «Б» «Хима»» бо сеимтиёзӣ дар зинаи авали ҷадвали бозиҳо ҷойгир шудаанд.

Ва хабари дигар. Муҳаммад бин Ҳаммом аз кишвари Қатар дар бисту дуввумин Кунгураи AFC - Конфедеросиюни футболи Осиё, ки рӯзи 8-уми май дар пойтахти Малайзиё - шаҳри Куала - Лумпур баргузор шуд, барои чаҳор соли дигар ба раёсати Конфедеросиюни футболи Осиё таъйин гардид. Дар ин кунгура, ҳамчунин интихоботи аъзои кумитаи иҷроияи AFC анҷом дода шуд. Тоҷикистонро дар ин кунгура Валерий Турсунов, ноиби раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва Шералӣ Давлатов, дабири кулли ин федеросиюн намояндагӣ карданд
XS
SM
MD
LG