Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳкумияти як сокини Хуҷанд бо ҷурми мансубият ба ҲИУ


Додгоҳи устони Суғд як сокини шаҳри Хуҷанд, Мирзоқодир Муъминзодаро, ки аз сӯи додгоҳ ва додситонӣ узви ҲНИТ хонда мешавад, бо ҷурми мансубият ба Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ба ёздаҳ соли зиндон дар низоми сахт маҳкум кард.


Исохоҷа Тошхӯҷаев - айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи ин парванда аз додситонии Суғд гуфт, Мирзоқодир Муъминзодаи 34 сола аз сӯи додгоҳ мутобиқи 7 банди асноди ҷиноии Тоҷикистон айбдор ҳисобида шудааст. Ӯ афзуд, додгоҳ маҳкумшударо аз ҷониби додгоҳ барои ҳамдастӣ бо як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон бо мақсади касби нуфуз дар минтақаи шимолии Тоҷикистон, содири ҷиноёт дар дастаҳои экстремистӣ, ширкат дар воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ҷалби одамон ба ин воҳидҳо, суиқасд дар содири ҷиноёти террористӣ ва таҳияи асноди қалбакӣ гунаҳкор ҳисобида шудааст.


Ба гуфтаи оқои Тошхӯҷаев, маҳкумшуда - Мирзоқодир Муъминзода дар ибтидои соли 2000 - уми милодӣ ба як гурӯҳи шашнафараи ҲИУ, аз ҷумлаи сокинони Суғд пайваст ва ин гурӯҳ бо як дастаи дигари ҳаракати мазкур, ки дар оғоз ва миёнаҳои соли 2006 - и милодӣ ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум ва қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара ҳамлаи мусаллаҳона карда буд, иртиботи мустақим дошт. Вале дар ҳамлаҳои мусаллаҳона иштирок надоштааст. То ҳоли ҳозир бархе аз афроди ҳамлавар аз ин гурӯҳ дар зимни амалиёти низомии кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон ва Қирғизистон кушта ва ҳадди ақал шаш тани дигар зиндонӣ шудаанд.


Аммо бахши ҲНИТ дар устони Суғд иртиботи Мирзоқодир Муъминзодаро бо ин ҳизб ғайривоқеӣ хонд. Салоҳиддин Ҳусейнзода - муовини раиси бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, ки номи маҳкумшуда дар рӯйхати аъзои ҳизб сабт нашудааст, танҳо дар 8 соли қабл муддате ба ҳайси ҳаводор дар фаъолияти ин ҳизб ширкат ҷуста, аммо узвияти ҳизби наҳзатро дарёфт накардааст.


Ин барои бори аввал нест, ки як ва ё чанд узви Ҳизби наҳзати исломӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон аз сӯи додситонӣ ва додгоҳи Суғд барои ҳамдастӣ бо ҲИУ гунаҳкор ва зиндонӣ мешаванд, аммо намояндагии ин ҳизб ин даъвоҳоро бепоя хонда мегӯяд, ҳизби онҳо бо ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро иртиботе надошта, баръакс бо онҳо дар ҳоли мухолифат қарор дорад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG