Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи қочоқчиёни маводи радиоактив дар Душанбе


Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноии ҳашт нафар бо шумули ду сарҳанги мустаъфиии ин кишварро бо иттиҳоми қочоқи маводи радиоактив ба анҷом расонида, ҷиҳати муҳокима ба додгоҳи шаҳри Душанбе ирсол доштааст.


Собитҷон Исобоев - додситони шӯъбаи назорат бар фаъолияти ниҳодҳои амниятӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, тафтиши парвандаи мазкур аз сӯи муфаттишони Кумитаи амнияти давлатӣ ба анҷом расида ва баъди омӯзиш ва таъйиди додситонӣ барои муҳокима ва эъломи ҳукм ба додгоҳи шаҳри Душанбе фиристода шудааст. Оқои Исобоев гуфт, ки афроди муттаҳам дар асоси нақшаи тарҳрезишуда маводи радиоактиви плутоний ва сезийро, ки дар бастаҳои махсус нигаҳдорӣ мешаванд, барои фурӯш ба як шаҳрванди хориҷӣ омода карда будаанд.


Бар асоси маълумоти парвандаи ҷиноӣ дар қочоқи ин маводи радиоактив як шаҳрванди Қазоқистон ба ҳайси миёнарав ва табааи яке аз кишварҳои арабӣ ба ҳайси харидор ширкат доштаанд. Дар шумори афроди муттаҳам ду сарҳанги мустаъфӣ, яке сарҳанги собиқи вазорати умури дохила ва дувумӣ корманди пешини комисариати низомии Тоҷикистон низ ширкат доштаанд. Ба иттиллои ҳамин манобеъ, ин афрод қасд доштаанд, ки маводи радиоактиви мазкурро бар ивази чаҳорсад ҳазор доллар бифурӯшанд.


Масъули додситонӣ аз ироаи маълумот дар бораи аз куҷо ба дасти ин афрод афтодани ин мавод худдорӣ кард. Вале вай гуфт,ки ходимони амниятӣ қисме аз ин маводи радиоактивиро дар манзили зисти яке аз ин афрод дар ноҳияи Ёвон воқеъ, дар вилояти Хатлон ва қисмати дигарро ба ҳангоми фурӯш дар яке аз маҳаллаҳои пойтахт дар охири соли гузашта кашф ва забт кардаанд.


Аммо ҳодисаи қочоқи маводи радиоактив ва дар ин замина ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар кишвар барои бори аввал набудааст. Собитҷон Исобоев -додситони шӯъбаи назорат бар фаъолияти ниҳодҳои амниятӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки аз ҷумлаи ҳашт нафари боздоштшуда як нафар барои дувумин маротиба аст, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи радиоактив боздошт ва равонаи зиндон мешавад. Ҳамин манбаъ афзуд, ки маводи радиоактивии мусодирашуда низ ба ҳамин нафар тааллуқ доштааст. Ин мақоми додситонии Тоҷикисон афзуд, ки ба ҳангоми таъйиди иттиҳомот дар додгоҳ ин афрод аз 3 то шаш сол равонаи зиндон хоҳанд шуд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG