Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзанҳои тоҷик дар Туркия


Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ба ҳайъати дастаи мунтахаби кишвар муштзанҳои маъруфи тоҷик, монанди Шералӣ Достиев, Баҳодур Каримов, Маъруф Файзуллоев, Шералӣ Маҳмадалиев, Ҷаҳон Қурбонов ва дигарон шомиланд. Ин мусобиқот, ки то рӯзи 14-уми май идома хоҳад кард, барои муштзанҳои тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин маҳсуб мешавад.

Ба иттилоъи раҳбари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муштзанҳои тоҷик моҳи октябри соли равон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир мегардад, ширкат хоҳанд кард.


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Фестивали футболи Конфедеросиюни футболи Осиё дар шаҳри Даккаи Бангладеш дар чаҳор бозӣ пирӯз шуд.

Ба иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон мусобиқоти анъанавии бозигарони зери 13-сола бо ширкати 12 дастаи мунтахаб дар ду гурӯҳ сурат гирифтааст. Футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи худ бо 12 имтиёз пешсафанд. Дастаи Тоҷикистон бар тимҳои мунтахаби Ҳиндустон ва Бангладеш бо натиҷаи якхелаи 3 бар 0, бар тими Покистон бо натиҷаи 2 бар 0 ва бар тими Бутан бо ҳисоби бузурги 8 бар 0 ғалаба карданд.

Бегоҳи 8-уми май даври дуввуми мусобиқоти ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон бо дидори дастаҳои «Хима»-и Душанбе -«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Динамо»-и Душанбе - CSKA «Помир»-и Душанбе оғоз мешавад.

Дар ду бозии дигари даври дуввум рӯзи 9-уми май «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Энергетик»-и Душанбе бо «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа рақобат хоҳанд кард.

Дар айни ҳол дар ҷадвали бозиҳои гурӯҳи «А» дастаҳои «Регар» ТадАЗ, «Вахш» ва CSKA «Помир» бо се имтиёзӣ аз рӯи таносуби тӯбҳо мутаносибан дар зинаҳои якуму дуввум ва севвум қарор доранд. Дар ҷадвали бозиҳои гурӯҳи «Б» тими «Парвоз» бо се имтиёз садрнишин аст.
XS
SM
MD
LG