Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба интихоби Саркозӣ ба симмати раисҷумҳури Фаронса


mm

Николас Саркозӣ, ки дар интихоботи умумии Фаронса пирӯз шуд, рӯзи 16-уми май расман симмати раиси ҷумҳури ин кишварро бар уҳда мегирад.


Ин сиёсатмадори муҳофизакор ва намояндаи нерӯҳои дасти рости Фаронса, рӯзи 6-уми май дар даври дуввуми интихоботи раёсати 53 дарсади ороъи шаҳрвандони ин кишварро ба даст оварда, рақиби худ дар интихобот хонум Сиголен Ройал, номзади Ҳизби сотсиалистро шикаст дод.


Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ба интихоби Саркозӣ ба ин мақом вокунишҳо нишон додаанд. Аз ҷумла раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо, раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ва Тони Блейр, нахуствазири Бритониё Николас Саркозиро табрик гуфтанд.


Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, умедвор аст, ки Николас Саркозӣ дар робита ба пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо мухолифати худро камтар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG