Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон вориди Эрон шуд


Қарор аст, имрӯз, ҳаштуми май, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои иронии худ Маҳмуди Аҳмадинажод дар Теҳрон дидору гуфтугӯ кунад.


Тибқи иттилои расмӣ, Эмомалии Раҳмон дар ҷараёни сафари серӯзаи худ дар Эрон бо раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманайӣ ва дигар мақомоти олирутбаи ин кишвар мулоқот мекунад.


Хабаргузории расмии Эрон, ИРНА менависад, ки аксари барномаҳои сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон иқтисодист ва интизор меравад, ки ҳайъати Тоҷикистон барномаҳои нави иқтисодии худро барои сармоягузорӣ ба соҳибкорони иронӣ муаррифӣ кунад.


Эмомалӣ Раҳмон, дирӯз, ҳафтуми май пас аз анҷоми боздиди худ аз Қатар вориди Эрон шуд.
XS
SM
MD
LG