Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як рӯзи хушунатбор дар Ироқ


Рӯзи душанбе, ҳафтуми май дар саросари Ироқ ҷасади ҳудудан ҳафтод нафар ёфт шудааст.


Дар ду ҳамлаи бомбгузорони интиҳорӣ дар атрофи шаҳри Рамодӣ 13 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин ҳамлаҳо дар маҳаллаҳои суннинишине ба вуқуъ пайвастанд, ки эътилофи гуруҳи қабилаҳо мавсум ба Шӯрои наҷоти анбор барои рондани аъзои ал-Қоида аз ин минтақа мубориза мебаранд.


Аъзои Шӯро созмони ал-Қоидаро масъули ҳамлаҳои интиҳорӣ хонданд.


Дар ҳамин ҳол, Созмони байналмилалии Салиби Сурх эълон кард, ки барои таъмини мардуми беҷошудаи ироқӣ бо ғизову обу доруворӣ барномаҳояшро бештар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG