Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон лағви таҳримот алайҳи Узбакистонро намехоҳад


Федератсияи байналмилали ҳуқуқи инсони Ҳелсинкӣ аз Иттиҳодияи Аврупо хост дар робита ба масоили нақзи ҳуқуқ дар Узбакистон дар қиболи давлати ин кишвар сахтгир бошад.


Ин созмон рӯзи душанбе, ҳафтуми май бо нашри як баёния гуфт, муколамаи барномарезишудаи Иттиҳодияи Аврупо бо давлати Ӯзбакистон дар робита ба ҳуқуқи инсон набояд баҳонае барои лағви таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо ба зидди он кишвар бошад.


Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи инсони Ҳелсинкӣ мегӯяд, ки таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо бояд танҳо дар сурати иқдомоти рӯшани давлати Ӯзбакистон барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон тазъиф ва бардошта шаванд.
XS
SM
MD
LG