Пайвандҳои дастрасӣ

Радио барои ҷавонон чӣ медиҳад?


Расо чаҳор сол пеш, 7 майи соли 2003, шабакаи родиюии «Ватан» барои нахустин бор барномаҳои худро рӯи амвоҷи 106 FM пахш кард ва то имрӯз шабонарӯзӣ гуфторҳои иттилоотӣ ва фароғатиро ба шунавандагони худ пешниҳоди мекунад.

Субҳони Ҷалил мегӯяд, ровӣ ва барандаи пешбари родиюи «Ватан», мегӯяд, аксари кулли барномаҳои ин шабакаи мустқил асосан ба ҷавонон нигаронида шудааст. Ба гуфтаи Субҳон чун имрӯз ҷавонони тоҷик барои ҳазми барномҳои сахти сиёсиву иқтисодӣ омода нестанд, аз ин рӯ, ба гуфтаи вай, шабакаи «Ватан» бештар мусиқӣ ва ё гуфторҳои тафреҳиро таҳия мекунад.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон дар айни ҳол 21 шабакаи давлатӣ ва мустақили радиоӣ расман сабти ном шудаву миёни ҷомеъаи кишвар барномаҳои мухталифи худро пахш мекунанд, вале ҳамоно дар байни ҷавонони тоҷик родиюҳои «Ватан», «Азия-Плюс», «Русское радио Ориёно», «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» маъруфтаранд.

Фирӯза Саидова, муовини аввали раҳбари родиёи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо гуфт, онҳо кӯшиш мекунанд дар барномаҳояшон ҳамеша масъалҳои иҷтимоъии марбут ба ҷавононро пайгирӣ кунанд. Зеро, ба ақидаи хонум Фирӯза, инъикоси мушкилоти мухталифи ҷавонон, пахши таронаҳо ва ахбори варзишӣ барои ҷалби ҳарчи бештари шунавадандагон аз доираи ҷавони кишвар мусоидат мекунад.

Ва аммо Хилватшоҳи Маҳмуд, корманди радиои Ориёно мегӯяд, онҳо гуфторҳои худро бештар на ба ҷавонон балки ба гурӯҳи зиёиён ва қишри равшанфикри ҷомеъа равона кардаанд. Хилватшоҳ пахши зиёди мусиқӣ ва таҳияи барномаҳои тафреҳии сабукро танҳо аз пур кардани вақти холӣ беш намедонад.

Журналист Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, дар шароите, ки дар Тоҷикистон мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ вуҷуд дорад, ҳадафи ба барномаҳои фароғативу мусиқӣ рӯ оврдани родиюҳои Тоҷикистон аз воқеъиятҳои имрӯзи кишвар дур нигоҳ доштани ҷавонони тоҷик аст.

Имрӯз дар Тоҷикистон радио баъди телевизион яке аз воситаи асосии иттилоъгирии ҷомеъа боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG