Пайвандҳои дастрасӣ

Пешрафту заъфи радиоҳои мустақили Тоҷикистон


Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 21 шабакаи радиои давлативу мустақил расман сабти ном шудааст ва миёни ҷомеаи кишвар барномаҳои мухталифи худро пахш мекунад. Ба гуфтаи Мӯсо Асозода, узви кумиссюни муҷаввиздиҳии назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, бахши аъзами ин радиоҳо маҳаллӣ буда ва доираи пахши мавҷи онҳо низ маҳдуд аст. Ва аммо фаъолияти шабакаҳои давлатии радио, ки ба гуфтаи масъулин мушкили молӣ надоранд, фаъолияти фарогир доранд.


Дар ҳоли ҳозир ду шабакаи саросарии радиои давлатӣ рӯи мавҷ пахш мешавад ва қарор аст дар чанд рӯзи дигар дар заминаи бахши бурунмарзӣ ва фурӯғи Ориёнои радиои Тоҷикистон як шабакаи ҷадиди байналмилаӣ бо унвони «Овози тоҷик» шурӯъ ба фаъолият кунад. Ба гуфтаи Фирӯза Саидова, муовини мудири радиои давлатии Тоҷикистон барномаҳои ин шабака 16 соат дар шабонарӯз ва бо ҳафт забон барнома таҳия мекунад. Ба гуфтаи хонум Саидова 90 дарсади забони барномаҳои шабакаҳои радиои давлатии Тоҷикистон тоҷикист ва аммо бо фаъол шудани шабакаи байналмиллалии «Овози тоҷик» шумораи барномаҳо бо забонҳои хориҷӣ меафзояд ва дар зимн саҳми ин забонҳо бештар мегардад.



Аммо ин дар ҳолест, ки дар Душанбе пойтахти кишвар тайи чанд соли ахир ду шабакаи радиои мустақили «Азия плюс» ва «Ватан» пахш мешавад ва кӯшиши рақобат бо шабакаҳои давлатии радиои Тоҷикистонро доранд. Екатерина Аракилова, мудири иҷроияи радиои «Азия плюс»,ки шабакаи мазкур рӯи мавҷи FM дар пойтахт ва навоҳии аторофи он дастрас аст гуфт: «Барномаи шабакаи радиои мо 24 соат дар шабонарӯз барнома пахш мекунад ва шабакаи иттилоотӣ ва тафреҳотӣ аст. «Азия плюс» ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забонӣ рӯсӣ барномаҳо таҳия мекунад. Ва ин фазои забони барномаҳоро моро ба ду қисмати баробар ҷудо кардаем».


Хонум Аракилова ҳамзамон афзуд, маъмурияти радиои мо тасмим доад, фазои пахши шабакаи худро дар чанд рӯзи баъд густариш диҳад ва барои сокинони манотиқи кишвар низ дастрас намояд. Дар ҳамин ҳол радиои мустақили дигаре, ки ҳамсон ба радиои «Азия плюс» аст ва дар Душанбе пойтахт пахш мешавад, радиои «Ватан» мебошад, ки воқеан имрӯз 7- май рӯзи таъсиси ин шабака унвон мешавад. Ба гуфтаи Алиҷон Ҷураев, мудири бахши иттилоотии радиои «Ватан» барномаҳои шабакаи радиои онҳо барои бори аввал чаҳор сол пеш, 7 майи соли 2003 рӯи мавҷи FM пахш шудааст.


Ва низ ин радио 24 соат барномаҳои иттилотиву фароғатӣ дорад, ки 70 дарсад ба забони тоҷикӣ ва 30 дарсд бо забонҳои ғайр пахш мешавад. Ва инчунин суолро мо бо масъулини чанд шабакаи радиои мустақил матраҳ кардем ва дар посух шабеҳ ба гуфтаҳои оқои Ҷураев онҳо мегуфтанд, ки бо ҳукумат мушкиле надоранд ва баръакс, ҳукуат дар фаъолияти онҳо кӯмак мекунад.



Коршиносон низ зери фишор қарор надоштани радиоҳои мустақили Тоҷикистонро таъийд мекунанд, вале меафзояд сабаби аслӣ дар он аст, ки ин шабакаҳо мавзӯъҳои дардноки сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро, ки метавонад боиси нигаронии ҳукуматдорон гардад, матраҳ намекунанд. Ва ҳамчунин ин радиоҳо низ намехоҳанд хориҷ аз доираи муқаррарот фаъолият кунанд ва аз ҳаққи муҷаввиз маҳрум гарданд.
XS
SM
MD
LG