Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози ҳамоиши зербиноҳои нақлиётӣ дар Душанбе


Амрико тавсиаи зербинои нақлиётии Осиёи Марказиро аз авомили муҳимтарини рушди иқтисод ва таҳкими амнияти минтақа арзёбӣ мекунад.




Пол Дайк, муовини вазири тиҷорати Амрико дар маросими ифтитоҳи конфронси байнулмилалии «Зерсохтори нақлиётии Осиёи Марказӣ» дар Душанбе гуфт, рушди зерсохтори нақлиётӣ сатҳи зиндагии сокинони Осиёи Марказиро боло хоҳад бурд.





Оқои Дайк гуфт, манзур аз ин гуфта он аст, ки барои мисол як кишоварзи қирғизистонӣ битавонад маҳсулоташро на танҳо дар кишвараш, балки дар Афғонистону Покистон низ ба савдо гузорад, соҳибкори Ӯзбакистон бевосита ба Душанбе парвоз кунад ва тоҷири Ню-йорк имкони аз интернет харидорӣ намудани чиптаҳо ба кишварҳои Осиёи Марказиро дошта бошад.




Муовини вазири тиҷорати Амрико афзуд бунёди пул дар фарози рудхонаи Ому бо 36 миллион доллар сармояи Амрико, ки Осиёи Марказиро бо Афғонистон ва Покистону Ҳиндустон пайванд хоҳад дод аз умдатарин саҳми Амрико дар ин ростост: «Мо бовар дорем, ки рӯзе тавассути ин пул харбузаи водии Фарғона ва қулфнайи Хатлонро дар бозорҳои Қарочии Покистон савдо хоҳанд шуд». Тибқи иттилоъи вазорати тиҷорати Амрико, ҳаҷми тиҷорат дар заминаи зерсохторҳои нақлиётӣ миёни Амрико ва Осиёи Марказӣ дар соли 2006 ба беш аз 2 миллиард доллар расидааст, ки аз ин маблағ ҳудуди 100 млн ба Тоҷикистон рост меояд.





Ҷумъахон Зуҳуров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ба хотири рушди равобити миёни кишварҳои минтақа кишвараш ба пиёда кардани чанд тарҳ, минҷумла роҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ, Душанбе-Ҷиргатол-марзи Қирғизистон, Душанбе -Хоруғ-Қулма-Қароқурум шурӯъ кардааст. Оқои Зуҳуров гуфт, аммо ба ҷуз роҳҳо монеаҳои дигар ҳам вуҷуд доранд.





Дар ҳамин ҳол, Карим Аҳмадов, мудири фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд гуфт, мушкили минтақа на дар роҳҳо, балки дар монеаҳои бюрократие ҳаст, ки аз сӯйи ҳукуматҳо эҷод шудаанд: «Ӯзбакистон роҳҳои беҳтарин дорад, Қазоқистону Қирғизистон ҳам, аммо мо наметавонем аз онҳо гузарем, зеро маҳдудиятҳое, ба монанди гирифтани иҷоза аз мақомоти кишварҳо мавҷуданд. Аз ин хотир муҳим ин аст, ки мо барои чӣ ин роҳҳоро бунёд мекунем ва барои чӣ?»

Оқои Аҳмадов гуфт, дар чунин ҳол фикри рушди иқтисод ва ҳамойиши кишварҳои минтақа маънии худро гум мекунад. Тибқи иттилоъи вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ин кишвар то ба ҳол дар эҳдоси роҳҳои ҷадид 84 млн. доллар масраф кардааст ва ҳоло боз 13 пружае рӯйи даст дорад, ки дар маҷмӯъ 500 млн. доллари амрикоиро тақозо мекунад.

Фарҳоди Мелод, Душанбе
XS
SM
MD
LG