Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кори "Овози тоҷик" ба таъхир афтод


СМ

Шабакаи ҷадиди Радиои Тоҷикистон бо унвони «Овози тоҷик»,ки қарор буд, имрӯз - 7 май дар рӯзи Радио бо ҳафт забон роҳандозӣ шавад, ба иттилоъи масъулин ба таъхир уфтод.


Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони кишвар мегӯяд, радиои ҷадид дар тӯли моҳи май бо ҳафт забон ҳатман роҳандозӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол радиои Тоҷикистон шурӯъ аз ҳамин рӯз ба техникаи ададӣ гузаштааст. Фирӯза Саидова, муовини раиси радиои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, бо ҳамин мушкили зиёди радиои тоҷик, ки ба сифати садо, амвоҷ ва пахши барномаҳо бастагӣ доштааст, рафъ гардид. Аммо ин дар ҳолест, ки радиоҳо дар минтақаҳо ҳоли баде доранд.


Абдувалӣ Нодиров, муҳаррири радиои вилояти «Хатлон» гуфт, радиои мазбур мавҷ надорад ва барномаҳои худро мураттаб аз 1 соату 40 дақиқа рӯи амвоҷи радиои марказӣ пахш мекунад. Ашӯралӣ Эргашев, сармуҳаррири барномаи «Донишҷӯ»-и радиои Хатлон афзуд, мушкили дигари кормандони радио адами таҷҳизот аст. Оқои Эргашев афзуд, дар радио танҳо як компутар ҳаст, ки бо иллати набуди коргари фаннӣ бекор мондааст. Асадулло Раҳмонов мегӯяд, барои пахши бархе аз барномаҳои радиоӣ маблағ намерасад. Раиси кумитаи телевизион ва радиои кишвар афзуд, ки созмонҳои хайрияи байнулмилалӣ лоиҳоти радиои давлатиро маъблағгузорӣ намекунанд. Ин дар мавридест, ки Созмони Евразия як радиоро дар назди ТВ давлатии Кӯлоб маблағгузорӣ кардааст, ки он ҳам ба иттилоъи Аҳамади Иброҳим - коршиноси маҳаллӣ фаъол нест. Дар ҳамин маврид, коршиносон мегӯянд, бо иллати дастнорасии амвоҷ бидуни шабакаи аввали радиои Тоҷикистон, рӯи мавҷи мутавассит дар навоҳии дур радиои кишварро намешунаванд.

Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG