Пайвандҳои дастрасӣ

Ғолибони мусобиқаи варзиши сабук


Игор Хан дар ду навъи рақобатҳо байни наврасон - давидан ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 11, 54 сония ва ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 23, 34 сония мақоми аввалро касб кард. Шаҳноза Зиёева дар давидан ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 12, 75 сония миёни духтарон пирӯз шуд. Зайнаб Тошпӯлодова масофаи 200 метрро дар муддати 30, 65 сония тай карда, байни духтарон ғолиб омад. Руслан Мадалиев дар давидан ба масофаи 400 метр бо натиҷаи 54, 22 сония байни наврасон ғалаба кард. Ин масофаро Ганҷина Маҳмудова дар зарфи 1 дақиқаю 3, 67 сония тай намуд ва миёни духтарон ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Саидмурод Табаров дар давидан ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 2 дақиқаю 30, 33 сония, Максим Арапов дар давидан ба масофаи 1500 метр бо натиҷаи 4 дақиқаю 15, 99 сония, Ваҳоб Одилов дар давидан ба масофаи 3 километр бо натиҷаи 10 дақиқаю 20, 06 сония байни ҷавонон дар мақоми аввал қарор гирифтанд. Надежда Риоева дар давидан ба масофаи 1, 5 километр бо натиҷаи 5 дақиқаю 14,4 сония байни духтарон ғолиб омад.

Шараф Шарифов дар партоби диск бо натиҷаи 42 метру 40 сантиметр миёни наврасон пирӯзӣ ба даст овард. Мурод Қосимов дар партоби вазна бо натиҷаи 12 метру 25 сантиметр пирӯз гашт. Сӯҳроб Хоҷаев дар гурзандозӣ ё партоби чаккуш бо натиҷаи 57 метру 43 сантиметр байни наврасон дар ҷойи аввал қарор гирифт. Дар ин навъи рақобатҳо миёни духтарон Оксана Филина бо натиҷаи 31 метру 50 сантиметр ғолиб шуд.

Аҳмад Гулов дар ҷаҳидан ба дарозӣ бо натиҷаи 5 метру 45 сантиметр байни наврасон ва Дилшода Додобоева бо натиҷаи 5 метру 44 сантиметр миёни духтарон мақоми аввалро касб карданд.
Михаил Тиманов дар ҷаҳидан ба баландӣ ё париши иртифоъ бо натиҷаи 1 метру 60 сантиметр байни наврасон ва Олга Муҳаммадҷонова бо натиҷаи 1 метру 45 саниметр миёни духтарон пирӯз гардиданд.

Ба гуфтаи Гулаҳмад Назаров, раҳбари мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ғолибони ин мусобиқот дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байнулмилалӣ байни наврасони зери 17-сола, ки аз 18-ум то 20-уми май дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG