Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саркози раисҷумҳури Фаронса интихоб шуд


Николас Саркозӣ, сиёсатмадор, муҳофизакор ва намояндаи нерӯҳои дасти рости Фаронса раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб шуд. Вай бо касби 53 дар сади раъйи мардум дар даври дуввуми интихобот Сиголен Ройал, намояндаи Ҳизби сотсиалисти Фаронсаро шикаст дод.


Зимни хитоб ба тарафдоронаш, Николас Саркозӣ, ки писари як муҳоҷири маҷористонист, ваъда дод, ки аз тамоми миллати Фаронса намояндагӣ хоҳад кард.


Ҳудуди 85 дар сади мардуми бархурдор аз ҳаққи раъй дар интихобот ширкат кардаанд, ки аз соли 1985 то кунун баландтарин нишондоди ширкати мардум дар интихобот маҳсуб мешавад.


Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва раиси ҷумҳури Амрико Николас Саркозиро бо пирӯзиаш табрик гуфтаанд. Ҷорҷ Буш иброз доштааст, ки бо Николас Саркозӣ ҳамкорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG