Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе ҳамкориҳои нақлиётиро баррасӣ мекунанд


Имрӯз, ҳафтуми май, дар шаҳри Душанбе ҳамоиши якрӯзаи байналмилалӣ оид ба зербунёдҳои нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.


Ин конфронс бо мусоидати давлати ИМА баргузор мешавад ва дар он намояндагони расмии Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард. Қарор аст, дар он муовини вазири тиҷорати Амрико Пол Дайк ширкат ва суханронӣ кунад.


Сафорати Амрико дар Душанбе зимни як баёнияи расмӣ гуфтааст, ки дар ин ҳамоиш масоили сохтмони роҳҳову бахшҳои ҳавонавардӣ ва нақлиёти заминӣ, инчунин дурнамои ҳамкориҳо дар ин соҳот баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG