Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


mm

Бино бар хабари оҷонсии иттилоотии «Новости»-и Русия, имрӯз, 6-уми май, дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Маскав ҷасадҳои ду шаҳрванди Тоҷикистон ёфт шудааст.


Дар хабар омадааст, ки дар сари ҳарду кушташуда, ки дар бозор кор мекардаанд, нишонаи зарба аён аст. Як масъули тафтиш ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки муфаттишон яке аз фарзияҳои кушторро ҳамлаи нажодӣ мешуморанд.


Бар асари ҳамлаҳои нажодӣ соли гузашта дар Русия 54 нафар ба қатл расиданд.
XS
SM
MD
LG