Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оштӣ шудани ду Виктор дар Укроин


Пас аз гуфтушуниди бо сарвазир Янукович президенти Укроин Юшенко гуфт: "Меъёри қонунии мутаваққиф намудани иҷрои фармони президент дар мавриди пароканда кардани порлумон вуҷуд надорад. Дар замоне ки гурӯҳи корӣ саъй дорад, баъзе бандҳои фармонро ба қонун мутобиқ кунад, иҷрои фармон мумкин аст, ба таъхир гузошта шавад. Акнун порлумон бояд фаъол шавад, мухолифин бояд дар порлумон ҳозир бошанд, то Маҷлис қонунҳои заруриро тасвиб кунад. Ман бояд дар давраи баргузории ҷаласаи порлумон иҷрои фармонро мутаваққиф кунам".

Ба гуфти Юшенко созиш бо Янукович ин посух ба суолест, ки миллат интизори он буд. Дар ибтидои моҳи апрел президенти Укроин фармон дар бораи пароканда намудани парламент ва баргузории интихоботи пешакӣ дар моҳи майро имзо кард. Баъдан дар паи гирдиҳамоиҳои бидуни таваққуфи ҳар ду ҷониб Юшенко мувофиқат намуд, ки интихобот дар таърихи 24 июн барпо шавад.

Янукович, ки дар оғоз аз иҷрои фармони президенти кишвар саркашӣ мекард, рӯзи ҷумъа дар майдони Истиқлоли шаҳри Киев ба ҳазорҳо нафар аз пайравонаш гуфт, барои хуруҷ аз бӯҳрони сиёсӣ ба ҷуз баргузории интихоботи одилонаву демократӣ роҳи дигар намондааст. "Ҳадафи асосии қарори муштараки мо интихоботи одилонаву демократӣ мебошад. Чӣ бояд кард, то он амалӣ шавад? Ҳоло мо ба гурӯҳи корӣ машварат медиҳему гурӯҳ як муҳосибаи иқдомҳои аъзои порлумон баҳри таҳкими назму суботи мамлакатро тартиб медиҳад."

Тибқи назархоҳиҳо ҳизби Янукович пешдастӣ дорад. Ҳизбҳои пешбарандаи инқилоби норанҷии соли 2004-ум, ки Юшенкоро сари қудрат овардаанд, иттиҳодро аз даст додаанд. Моҳи марти соли 2006-ум Ҳизби минтақаҳои Янукович дар интихобот пирӯз шуд. Аз ҳамон вақт ихтилофи сиёсӣ дар ин кишвар рӯ ба афзоиш аст.
XS
SM
MD
LG