Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Завоҳирӣ мегӯяд, Амрико дар Ироқ шикаст хӯрдааст


Дар навори нави видеоӣ нафари дуввуми шабакаи террористии Ал-Қоъида Аймон Ал-Завоҳирӣ қарори Конгресси Иёлоти Муттаҳидаро дар бораи хуруҷи нирӯҳо аз Ироқ далели шикасти Вошингтон номид.




Сухангӯи Кохи сафед аз шарҳи ин навор, ки пас аз чаҳор рӯзи ветои президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ба қарори Конгресс нашр шудааст, худдорӣ кард. Ин қарор, ки харҷи ҳарбӣ дар Ироқро 124 миллиард доллар муқаррар кардааст, ҳамчунин хуруҷи нирӯҳоро аз Ироқ сар аз якуми октябри имсол талаб мекунад.
XS
SM
MD
LG