Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоби мушкили Фаронса: Саркозӣ ё Роял?


Даври дуввуми интихобот дар Фаронса имрӯз президенти нави ин кишварро муайян хоҳад кард. Дар ҳоле ки наздик ба 1 миллион нафар аз шаҳрвандони бурунмарзии Фаронса як рӯз пеш овоз доданд, ағлаби интихобкунандагон дар дохили кишвар гуфтаанд, дар баробари интихоби мушкиле қарор доранд. Яке аз онҳо бо номи Лиман мегӯяд: "Пуштибонӣ аз Сиголин баъзе бартариҳо дорад ва тарафдорӣ аз Саркозӣ бартариҳои худро. Натиҷаҳо ба ҳам наздик хоҳанд буд."

Интихобкунандаи дигар, Эмилӣ Петитс мегӯяд, ҳанӯз мардуми зиёде натавонистаанд, тасмими ниҳоӣ бигиранд ва ин тасмими онҳо ҳалкунанда хоҳад буд: "Намедонам, чӣ қадар, вале мардуми зиёде ҳанӯз дудилаанд. Дастикам бо бисёре аз чунин афрод сӯҳбат кардам. Дар байни онҳо мардуи зиёде ҳаст, ки дар даври аввал рой надода буданд. Онҳо низ дар андешаанд, вале ба эҳтимоли зиёд ин бор ба овоздиҳӣ хоҳанд рафт. Чанде аз дӯстони ман мехоҳанд ин бор рой диҳанд, зеро Саркозиро намехоҳанд. Ба фикрам, онҳо дар интихобот ширкат хоҳанд кард."

Шаҳрванди дигари Фаронса, Агнес Сатор низ мегӯяд, бисёриҳо ба як хулоса наомадаанд, вале вай тасмим гирифт, ки аз Роял пуштибонӣ хоҳад кард: "Зеро таҳи дилам бештар ба идеолужии сотсиалистон моил аст. Мо хоҳем дид, ки ин идеолужӣ чигуна амалӣ хоҳад шуд. Сиголин дар қиёс бо анъанаҳои ҳизбаш хеле навтар намудор мешавад. Ва сабабҳои хусусӣ ҳам дорам. Андешаҳои Саркозӣ, ба назари ман, хеле ва хеле ростгароёнаанд."

Дар даври аввали интихобот дар 22-юми апрел Саркозӣ 31 ва Роял 26%-и раъйҳоро ба даст оварданд. Бархе аз пурсишҳои афкори интихобкунандагон нишон додаанд, ки дар даври дуввум Саркозӣ 54 ва Роял 45% овоз хоҳанд гирифт. Аммо Роял мегӯяд, ин натиҷаҳо қобили итминон нестанд.

Саркозӣ, вазири собиқи ҳукумати Фаронса пуштибони иқтисоди бозаргонӣ буда, мегӯяд, молиёти афрод ва ширкатҳоро коҳиш ва девонсолориро шикаст хоҳад дод. Роял умедвор аст, аввалин президенти зан дар Фаронса хоҳад шуд ва аз таъминоти иҷтимоӣ, нақши фаъоли ҳукумат дар иқтисодиёт ҳимоят мекунад. Ҳарду аз насли нави сиёсатмадорони Фаронсаанд ва баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум ба дунё омадаанд.

Интихоботи президентӣ дар ҳоле барпо мешавад, ки аҳолии Фаронса аз афзоиши бекорӣ ва қарзҳои дохилӣ, нокомии ҳамоиши насли баъдии муҳоҷирон бо ҷомеа, нақши кишвар дар саҳнаи байнулмилал дар изтироб аст.
XS
SM
MD
LG