Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

-истонҳои пой дар занҷир


Бреффнӣ О Рурк ДУРУСТ АСТ, КИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДАРОМАДГОҲИ ДЕМОКРАТИЯ ДАРМОНДААНД?

Нахустин пурсиш дар мусоҳиба бо коршиноси амрикоӣ, раиси Барномаи Гузорҳои Демократӣ, Брюс Ҷексон ин буд, ки оё ба назар чунин намерасад, давлатҳои Осиёи Марказӣ дар марҳилаи аввали демократия дармонданд ва демократия дар ин ҷо гӯё гӯшти шутур хӯрдааст. Роҳи бурунрафти онҳо аз ин гирдоб чист?

"Мусалламан, мо шоҳиди попеч хӯрдани демократия дар Осиёи Марказӣ дар солҳои ахир шудаем. Эҳтимол сабаб дар он аст, ки Иёлоти Муттаҳида қадами беҷо гузошт ва пойгоҳҳои ҳарбиро бар меъёрҳои демократӣ бартарӣ дод. Қадами беҷои дигар ин буд, ки дар ҳайъати Вазорати умури хориҷии Амрико бахши Осиёи Марказӣ аз Аврупо канда шуда, ба шӯъбаи Осиёи Ҷанубӣ часпонда шуд. Ин ҳам дар ҳоле ки мақсад комилан баракс буд. Хуб, ба фикрам, ин як давраи бознигариҳо буд ва умедворам, ба зудӣ шоҳиди бозпайвандӣ хоҳем шуд."

Оё шикасти демократиконии Осиёи Марказӣ сабаби ин шуда метавонад, ки дар минтақа тундгароии исломӣ афзоиш ёбад?

"Ман фикр намекунам, ки тундравии исломӣ ягона хатари минтақа аст. Ин як таҳдид аст, аммо фишор ба Осиёи Марказӣ аз ҳар чаҳор тараф меояд. Доираҳои иқтисодии Русия бо ташкили монополияҳо бозорро ба даст мегиранд, мудохилаи Чин амиқтар мешавад ва албатта, бар асари пӯшида шудани минтақа тундгароӣ афзоиш меёбад. Ҳукуматҳоро раҳгум мезананд ва барои онҳо дар ниҳодҳои байнулмилалӣ низ ҷойгоҳи муайяне дода нашудааст."

Иёлоти Муттаҳида дар ин пайт чӣ кӯмак карда метавонад? Оё ба Вашингтон зарур нест, ки як сиёсати фарогире дар баробари минтақаи Осиёи Марказӣ дошта бошад?

"Яке аз мушкилҳои дурнамои сиёсат дар баробари Осиёи Марказӣ ин аст, ки сиёсати инержии Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли таҳия шудан аст ва бояд Қазоқистону Туркманистонро ҷалб кунад. Сиёсати марбут ба Русия то интихоботи президентии соли ояндаи Русия дар ҳоли таъвиқ хоҳад монд ва ин ду чиз, яъне набуди долони инержии Аврупосиё ва набуди сиёсати амалии марбут ба Русия ташкили як корпояи ҳамкорӣ бо Осиёи Марказиро бо мушкил рӯбарӯ мекунанд."

Ба фикри шумо, оё Осиёи Марказӣ ба таваҷҷӯҳи бештари Иёлоти Муттаҳида арзанда нест? Агар ҳаст чаро ва агар нест, чаро?

"Оре, арзанда аст ва ин як ҳадафи асосии созмони ман аст. Бояд яке аз ёварони вазири умури хориҷии Амрико танҳо бо масъалаи демократия дар масири Роҳи бузурги абрешим -- аз ҳошияи Баҳри Сиёҳ то Чин машғул бошад. Як замон ин шоҳроҳи ақидаҳо ва иқтисодиёти бозаргонӣ буд. Бояд ҳамаи Ғарб ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунад. Мутаассифона, аз қадами аввал дилсардӣ пеш омад, зеро дархости Қазоқистон ба раҳбарии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо пуштибонӣ надид. Саркӯб шуд, дар ҳоле ки мебоист ҳавасманд мешуд, то дар сабқат ширкат кунд. Ман мутмаъин нестам, ки он аз лиоҳзи ҳуқуқи инсон ба ин мақом хоҳад расид, вале мебоист, иҷозаи саъқат медошт. Ба фикрми ман, ин сиёсат бояд бознигарӣ шавад."

Як биме мавҷуд аст, ки Иттиҳоди Аврупо ба хотири ҷалби давлатҳои Осиёи Марказӣ аз нақзи ҳуқуқи инсон дар ин минтақа чашм мепӯшад. Оё Вашингтон дар ин масъала чӣ назар дорад ва чи гуна метавонад, мувозанатро ҳифз кунад?

"Ман фикр намекунам, ин танқидҳо танҳо ба Иттиҳоди Аврупо дахл дошта бошанд. Аз дид ман, баъзе рафтори Иёлоти муттаҳида низ баёнгари он аст, ки мо гоҳе ба вазъи ҳуқуқи инсон аз паси панҷа менигарем. Ин ба фикрам, аз ҳамон аввали кор ба мерос мондааст, зеро ҳуқуқи инсон қурбони арзишҳои сиёсӣ шуд. Ин номақбул ва боваршикан аст. Ҳам барои Амрико ва ҳам барои Иттиҳоди Аврупо ин як сиёсати шармовар аст ва бояд аз он даст кашанд. Мо намехоҳем, дар Осиёи Марказӣ беобрӯ бошем. Ва ман умедворам, ки таъкиди нав ба шаффофияти арзишҳои мо бояд пешшарти мулоқоти нави мо бо минтақа бошад."
XS
SM
MD
LG