Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Э. Раҳмон ба Қатар ва Эрон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар садри як ҳайъати давлатӣ сафареро ба Қатар ва Эрон оғоз кард. Дафтари матбуъоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳадаф ва барномаҳои ин сафар иттилоъ надодааст, аммо манобеъи наздик ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтаанд, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориҳои беруна мақсади аслии ин сафари чаҳоррӯза мебошад.


Аз аввали соли 2006 ин дуввумин сафари Раҳмон ба Эрон мебошад ва эҳтимол меравад, дар ҷараёни он ба Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод хоҳад шуд, ки дар тендер ё муноқисаи итмоми сохтмони нирӯгоҳи Роғун ширкат кунад. Ҳоло Эрон яке аз сармоягузорони сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда мебошад. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтанд, вале тиҷорати Тоҷикистон бо Қатар ҳамагӣ 20 ҳазор долларро ташкил додааст. Э. Раҳмон дар нимаҳои моҳи гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб буд ва дар бораи ташкили минтақаҳои озоди тиҷоратӣ ва ҳамкории ширкати ДубАл бо корхонаи арзизи Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шудааст.
XS
SM
MD
LG