Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти вазирони маорифи кишварҳои ИДМ дар Душанбе


ка

Дар ҳамоиши вазирони омӯзишу парвариши кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Душанбе таъкид шуд, ки дипломҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон марбут ба солҳои 1990 то 2007 ҷавобгӯйи меъёри байналмилалӣ,аз ҷумла кишвари Русия намебошанд.


Андрей Фурсенко, вазири омӯзишу парвариши Русия ин нуктаро таъйид намуд ва афзуд, ки эҷоди фазои ягонаи таълиму парвариш ва эътирофи мадорики донишгоҳҳову муассисоти илмии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил имкон медиҳад, ки садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бар ивази мардикорӣ дар Русия, соҳиби ҷойи кори муносибтаре шаванд: «Мо ҳадаф надорем, ки як шаҳодатномаи умумии таълимиро миёни кишварҳои мустақили ҳамсуд таҳия кунем. Мо танҳо мехоҳем ба мутахассисони ҷавон имкон диҳем, ки берун аз кишвари худ таҳсил ва ё кор кунанд. Ин маънои онро дорад, ки бояд як меъёри муайяни омӯзишӣ миёни ин давлатҳо муқаррар гардад».
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон ба ин ишора кард, ки имрӯз омӯзишу парвариши Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёде мувоҷеҳ аст, ки танҳо бо кӯмаки кишварҳои ҳамсуд мешавад онро рафъ кард: «Ҳамтоёни мо гуфтанд, ки барои кӯмак дар ҳалли масъалаҳои маорифи Тоҷикистон омода ҳастанд. Онҳо омодаанд, ки дар тарбияи мутахассисони кордон ва табодули илмии донишомӯзон ва пажӯҳишгарон ба мо ёрӣ расонанд».
Ва аммо ба назари таҳлилгари мустақили тоҷик Абдураҳмон Хонов, ҳамоиши мазкур натиҷаеро дар пай нахоҳад дошт. Вай гуфт, ин масъала бояд дар сатҳи мақомоти баландпояи кишварҳои мустақили ҳамсуд мавриди баррасӣ қарор мегирифта, то натиҷаи бештаре ба бор меовард. Нишасти вазирони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар умури омӯзишу парвариш дар пойтахти Тоҷикистон фардо низ идома мекунад, ки дар он мавзӯъҳои марбут ба ҳамкориҳои омӯзишӣ миёни кишварҳои узв мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт.

Каюмарси Ато, Душанбе
XS
SM
MD
LG