Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷиди маҳаллаи 191-уми Душанбе баста шуд


AK

Мақомоти ноҳияи Шоҳмансури Душанбе намозгузорӣ дар масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи 191 - уми пойтахтро мамнӯъ эълом кардааст. Сафаралӣ Сатторов - мудири шӯъбаи фарҳанг ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Шоҳмансур далели манъи масҷиди мазкурро дар надоштани санади расмӣ ва сабти ном нашудани он дар ниҳодҳои зирабти шаҳрдорӣ унвон кард.


Оқои Сатторов гуфт,ки дар асоси дастури шаҳрдорӣ ҳоло фаъолияти масоҷиди пойтахт мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва он масоҷиде,ки иҷозаи расмии фаъолиятро надоранд, манъ карда хоҳад шуд. Ин дар ҳолест,ки Ҳоҷисайиди Ҷобир - имомхатиби масҷиди маҳаллаи 191-и пойтахт мегӯяд масъулини ноҳияи Шоҳмансур фаъолияти масҷидеро мамнӯъ мекунанд,ки тақрибан шашсад нафар дар он намоз мегузоранд. Ин ҳам дар ҳолест,ки бинои масҷиди мазкур тавассути мардуми маҳалла ҳанӯз дар соли 1989 сохта шудааст. Ва барои қитъаи замин ва бунёди масҷид иҷозати ҳукумати шаҳри Душанберо дар он вақт дарёфт карда будаанд.


Имоми масҷиди мазкур афзуд,ки ба хотири кӯмак дар ҳалли қазияи пешомада ба Маҳмадсайид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Наҳтулло Назаров - вакили Маҷлиси намояндагон ва Фаридун Муҳиддинов - раиси ноҳияи Шоҳмансур бо имзои беш аз шашсад нафар аз намозгузорон номаи шикоятӣ ирсол доштаанд. Вай афзуд,ки масҷиди мазкур дар ин маҳалла ягона буда ва дар шумори намозгузорон афроди солманд ,ки имкони рафтан ба масоҷиди дуртарро надоранд, кам нестанд. Ва аммо Сафаралӣ Сатторов-мудири шӯъбаи фарҳанг ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Шоҳмансур таъйид мекунад,ки минбаъд низ фаъолияти масоҷиди ғайрирасмӣ дар қаламрави пойтахт манъ карда хоҳад шуд. Ба таъйиди ҳамин манбаъ ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон 21 масҷид ба таври расмӣ иҷозаи фаъолият дорад. Ин ҳам дар ҳолест,ки ба таъйиди бархе аз манобеъ аз оғози соли ҷорӣ фаъолияти ҳудуди шаст масҷид дар қаламрави пойтахт,ки иҷозаи расмии фаъолият надоранд, мамнӯъ эълом шудаанд.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG