Пайвандҳои дастрасӣ

Амрӣ - пайкарасози тоҷики муқими Порис


Мусоҳиб Нурмаҳмади Холзода Амрӣ Аминов дар ҳунари пайкарасозии Фаронса ҳунарманди шинохтаест. Вайро дар матбуъоти ин кишвар гоҳ ҳунарманди Фаронса муъаррифӣ мекунанд ва гоҳе ҳам - ҳунарманди тоҷикитабори Фаронса. Амрӣ баъд аз хатми омузишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе барои идомаи таҳсил ба Санкт-Петербурги Русия рафт ва дар он ҷо ба ҷуз аз машғул шудан бо таҳсил ва такмили пешаи худ инчунин бо ҳунару маҳораташ барои худ ба Аврупо роҳ боз кард. Дар посух ба суоли нахуст,ки чаро аз Фаронса омадаву тоҷикистонӣ муъаррифӣ шудааст, Амрӣ чунин гуфт:

Аввал ин ки ман миллати тоҷикро дорам. Агарчи дар давоми ин солҳо метавонистам, табаъияти Русия ё Фаронсаро дошта бошам. Лекин бо сабабҳои зиёд ин корро накардам. Ҳатто метавонистам соҳиби табаъияти дугона бошам. Шиносномаи тоҷикӣ ва миллияти тоҷикиамро ҳанӯз ҳам нигоҳ медорам. Бо вуҷуди ин, ки ҳоло маро дар Фаронса чун ҳунарманди фаронсавии тоҷиктабор мешиносанд, боз ҳам ман тоҷикам. Ин хости худи ман буд ва ман ба созмондиҳандагони ҷоизаи "Треббия" гуфтам, ки онҳо маро тоҷикистонӣ ва ҳунарманди тоҷик муъаррифӣ кунанд. Кишвари мо кишвари кӯчакест. Он ба муъаррифӣ ниёз дорад. Фарзандонаш, дар ҳар ҷо бошанд, бояд ин корро кунанд. Бояд аз тоҷик буданаш ифтихор кунад ва ин кишвар боъиси ифтихор ҳам ҳаст. Аз фарҳангамон бояд дифоъ кунем ва аз сахтиҳое, ки миллат дорад, нагурезем, худро ба канор накашем.


Суол: Ва дар ҳама ҷо дар озмунҳову намоишгоҳҳо шуморо ҳамчун ҳунарманди Тоҷикистон муъаррифӣ мекунанд?


Ҷавоб: Бештар, бале бештар. Ин барои ман ифтихор ҳам ҳаст. Баъзан дар рӯзномаҳои Фаронса менависанд: "Ҳунарманди фаронсавии тоҷиктабор". Ин ҳам хуб аст, чун муҳити фарҳангии Фаронса ба ман имконоти зиёд медиҳад, ки эҷодиёти худро пеш барам. Як тоҷик метавонад биёяд ин ҷо ва кореро анҷом диҳад, ки ҳам боъиси ифтихори фаронсавиҳо бошад ва боъиси ифтихори кишвараш.

Дар Тоҷикистон ягона омӯзишгоҳи ҳунарҳои зебо дар Душанбе наметавонист шогирдони худро ба дараҷае тарбия кунад, ки битавонанд дар донишгоҳҳои муътабар қабул шаванд. Омӯзишгоҳи ҳунарии шаҳри Душанбе решаи декоративӣ (ороишӣ) дорад ва Академияи рассомии Санкт-Петербург мактаби клоссикист. Дар тамоми 70 соли мавҷудияти Шуравӣ аз Тоҷикистон чанд нафаре дар фокултаи пайкарасозии ин донишгоҳ хондаанд. Ман бидуни роҳхат рафтам ба он ҷо, як сол омодагӣ гирифтам ва дохил шудам. Аз соли 1986 то соли 1994 ман дар он ҷо донишҷӯ будам. Аз соли 1991 сафарҳои ман ба Аврупо оғоз шуд ва ман мерафтам ба Берлин. Тасодуфан, вақте, ки ман барои идомаи таҳсил дар Академияи ҳунарҳои зебои Реҷеди калаврияи Итолиё роҳхат гирифтам, роҳи осон ва арзонтаре барои ман роҳи Олмон - Берлин буд, чун имкони хуб буд, ки биёям Порис. Баъд баргаштам ба Петербург ва таҳсиламро хатм кардам. Чун бо голериҳо ошно шуда будам, онҳо баъдтар маро пайдо карданд ва пешниҳод карданд, ки бо ҳам кор кунем ва қарордод имзо кунем.


Суол: Ва нахустин корҳоятон дар Порис чӣ буд?


Ҷавоб: Рақс мавзӯъи нахустин намоишгоҳҳои ман дар Порис буд. Садҳо муҷассамаи раққосон аз биринҷӣ ва ҳатто аз нуқраву тило офарида шуда буданд. Ҳоло ин муҷассамаҳо ба тамоми дунё рафтаанд ва ман худам ҳатто нусхаҳоеро аз онҳо надорам ва афсус мехӯрам.


Амрӣ Аминов узви ифтихории Фарҳангистон ё Академияи ҳунарҳои зебои ба номи президент Мазарики ҷумҳурии Чех, барандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Франс Кафка мебошад ва барои муҷассамаи офаридаи 60-метриаш ва муҷтамаъи атрофи он дар шаҳри Ҳанойи Ветном шаҳрванди ифтихории Ҳаной шудааст, шаҳре, ки ЮНЕСКО онро Шаҳри Сулҳ эълон кардааст ва дар ин озмун ЮНЕСКО ҳам нақш дошт. Амрӣ мегӯяд, зиндагӣ дар Порис мактабест ва вай ҳамеша худро шогирди ин мактаб медонад.


Суол: Оё зиндагии шумо дар Порис барои равнақи коратон кумак кардааст?


Ҷавоб: Бисёр, чун Порис мактаби фарҳангии дунёст. Албатта, ҳунари муҷассамасозии муъосир дар Аврупо равнақ ёфтааст. Решаи тоҷикии ман ба ман кумак мекунад, ки ҳамеша байни фарҳанги Аврупову Шарқ бошам. Худи шаҳри Порис мисли як музей аст. Ҳамеша нигоҳ мекунед, ҳамеша дар ҷустуҷӯ ҳастед, меомӯзед. Ҳамеша худро шогирди ин шаҳр эҳсос мекунед ва он бароятон як устод аст. Намоишгоҳҳои бузурги байналмилалӣ, ки ҳамеша бо ширкати ҳунармандони маъруфи дунё дар ин шаҳр баргузор мешаванд, омӯзанда аст. Ба ҳамин сабаб худро ҳамеша дар ҷараёни тозатарин рӯйдодҳои фарҳангии дунё эҳсос мекунед.


Суол: Оё омода ҳастед ҳамин муҳитро бигзоред ва замоне баргардед ба Тоҷикистон?


Ҷавоб: Албатта, орзуи доимии ман ин аст, ки ба Тоҷикистон баргардам. Замоне, ки ман донишгоҳро хатм кардам, дар Тоҷикистон ҷанг оғоз шуд ва ҳамин сабаб шуд, ки дигар натавонистам ба Тоҷикистон баргардам ва Аврупоро интихоб кардам. Ҳоло дар Тоҷикистон оромист, фазои муносиби фаъолияти фарҳангӣ ба вуҷуд меояд. Лекин мо ҳама ба як чиз ниёз дорем. Оромии муҳити атроф ба ҳунарманд имкон медиҳад, ки озодона шуғли худро пеш барад. Агар ман ҳамин рӯз бовар ҳосил кунам, ки дар Душанбе ё дар деҳаам, имкон ҳаст, ки бидуни мушкилиҳои зист ба шуғли худ машғул шавам, худи ҳамин рӯз бармегардам.


Суол: Муҳите, ки шумо дар Порис зиндагӣ мекунед, тоҷикона аст? Манзурам муҳити хонаводаии шумост.


Ҷавоб: Албатта, ман бо писарам тоҷикӣ гап мезанам. Вале забони хонаводаи мо тоҷикӣ нест, чун хонумам тоҷик нест.


Суол: Яъне фаронсавист?


Ҷавоб: На, на. Хонумам аз миллиятҳои кӯчаки Федератсияи Русия аст. Аз нажоди финоворӣ. Забони русӣ на забони ман аст ва на забони хонуми ман, ин забонест, ки моро ба ҳам месозад. Вале муҳити хонаводаии мо на русист ва на фаронсавӣ, он бештар тоҷикист.


Муҷассамаҳо ё пайкараҳои офаридаи Амрӣ ҳар вақт дар голереҳои шаҳрҳои мухталифи Аврупо ба намоиш медароянд ва дар музейҳои осори ҳунарӣ мавқеъи худро пайдо кардаанд. Аксари ин осор аз сарчашмаҳои шарқӣ об хӯрдаанд. Ин дороии аслӣ ва бузурги Амрист.
XS
SM
MD
LG