Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи нахустин бозиҳои Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон


Дар ҳамаи чаҳор бозӣ мизбонон пирӯз шуданд. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар дастаи меҳмон - «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба кард. Бо ҳамин ҳисоб CSKA «Помир»-и Душанбе тими меҳмон - «Хуҷанд»-и Хуҷандро мағлуб сохт. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ «Гвардия»-и Душанберо бо натиҷаи 6 бар 0 шикаст дод. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ дар майдони худ бар «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 2 ғолиб омад.

Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «А» дастаи «Регар» ТадАЗ бо се имтиёз дар садри ҷадвали бозиҳо қарор дорад. «Регар» ТадАЗ дар даври дуввуми мусобиқот рӯзи 9-уми май дар майдони худ бо тими «Вахш» қувва меозмояд.

Дар гурӯҳи «Б» тими «Парвоз» бо се имтиёз пешсаф аст. «Парвоз» рӯзи 8-уми май дар шаҳри Душанбе бо дастаи «Хима» рақобат мекунад.


Даври севвуми Лигаи баскетболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дастаи «ВИД»-и Душанбе аз тими «Феникс»-и Душанбе бо натиҷаи 42 бар 80 шикаст хӯрд. Дар бозии дигар дастаи «Новий век»-и Душанбе бар тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи 48 бар 45 ғолиб омад.

Дар айни ҳол дастаҳои «Феникс», «Регар» ТадАЗ ва «ВИД» бо чаҳоримтиёзӣ дар ҷадвали мусобиқот бо назардошти таносуби тӯбҳо мутаносибан дар зинаҳои якуму дуввум ва севвум ҷойгир шудаанд. Пешсафи ҷадвал «Феникс» нисбат ба ҳарифони худ як бозӣ камтар анҷом додааст.



Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба марҳилаи охирини омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё шурӯъ кард.

Мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футзали Осиё бо ширкати 16 дастаи мунтахаби қорра аз 13-ум то 19-уми май дар шаҳрҳои Осака ва Хиогои Ҷопон баргузор мешавад. Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои миллии футзали Ҷопон, Ҳонконг ва Филиппин рақобат хоҳад кард.

Дамир Камолиддинов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайъати дастаи мунтахаб 13 бозигар дохил аст. Мо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва толори бозиҳои дастии пойтахти кишвар ҳар рӯз ду бор тамрин мекунем. Рӯзи 10-уми май ба Ҷопон сафар хоҳем кард. Нахустин бозии мо рӯзи 13-уми май бо тими Ҳонконг баргузор мешавад. Сипас рӯзи 14-уми май бо тими Филиппин рақобат мекунем. Ва охирин дидори мо дар сабқати гурӯҳӣ бо тими мизбон - Ҷопон рӯзи 15-уми май барпо мегардад."

Ба гуфтаи оқои Камолиддинов, рақиби аслии дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» тими Ҷопон, қаҳрамони феълии Осиё маҳсуб мешавад. Соли гузашта дар шаҳри Тошканд дастаи Тоҷикистон дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз ғолиби гурӯҳ - дастаи Ҷопон бо натиҷаи 6 бар 11 шикаст хӯрда, бар тими мунтахаби Ҳонконг бо натиҷаи 6 бар 5 пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Бар асоси низомномаи ҷадиди мусобиқот имсол аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба давраи чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бинобар ин, ба назари коршиносон, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои дарёфти роҳхати дуввум ба марҳилаи баъдӣ имконоти хуб дорад.
XS
SM
MD
LG