Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши аҳолии Тоҷикистон ва пайомадҳои манфии он


Душанбе.

Мақомоти Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки афзоиши босуръати аҳолӣ боиси ба миён омадани мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишвар хоҳад шуд. Ба гуфтаи Мерган Шаҳбозов, раиси кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, интизор меравад, ки дар соли 2010 теъдоди аҳолии кишвар, ки ҳоло беш аз 7 миллион нафар аст, ба 8,5 миллион нафар бирасад. Сиву ҳафт дарсади аҳолӣ то 14 сол дошта, беш аз 55 дарсадро ҷавонони то 25-сола ташкил мекунанд.

Мерган Шаҳбозов меафзояд, новобаста аз амалӣ гаштани барномаи давлатӣ оид ба танзими оила ва вазъи демографӣ, феълан суръати таввалуд дар кишвар ба маротиб афзудааст. Мерган Шаҳбозов: «Суръати афзоиш ниҳоят тез аст ва ҳамасола қариб аз 1,9 то 2,2 дарсад зиёд мешавад».

Вале дар ҳамин ҳол соҳибназарон бар ин ақидаанд, ки дар ҳоле ки суръати афзоиши аҳолӣ аз суръати рушди иқтисоди кишвар тезтар аст, тавони барои зиндагии мусоид Тоҷикистон фароҳам овардани имконотро нахоҳад дошт. Онҳо мегӯянд, афзоиши ҷамъияти кишвар, ки аксарият ҷавон ҳастанд, боиси қишшоқӣ, бекорӣ, афзоиши ҷинояткорӣ шуда, дар ин давр теъдоди муътодони маводди мухаддира муттасил зиёд мешавад ва мардуми зиёде водор мешаванд, ки барои пайдо кардани кор ба хориҷи кишвар бираванд.

Аз сӯи дигар шумори зиёди таввалуд мушкилоти соҳаи маориф дар Тоҷикистонро бештар мекунад, ва давлат наметавонад барои фаро гирифтани миллионҳо нафар бо таҳсил пули кофӣ пайдо кунад.

Бисёри ҷавонони тоҷик бар акси ҳамсолонашон орзӯйи доштани аз 1 то 3 фарзандро доранд, зеро ба назари онҳо муҳим на шумори таввалуд балки муҳаё кардани шароити беҳтарини зиндагӣ ва тарбияи хуб аст.
Санавбар Шерова, модари як фарзанд, мегӯяд: "Дар муқоиса бо маоши миёнае, ки дар созмони давлатӣ мегиранд, маоши ман 3 маротиба зиёд аст, аммо ман наметавонам ӯро пурра таъмин кунам. Ҳол он ки фарзанди ман хурд аст, фарзанд, ки калон шуд, мушкилаш ҳам бо ӯ калон шудан мегирад ".
XS
SM
MD
LG