Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати бритониёӣ саҳмияҳои корхонаи тилои Зарафшонро мефурӯшад


Ширкати Аvocet Mining-и Бритониё қасд дорад, 75 дар сади саҳмияҳои худ дар корхонаи муштараки Зарафшони Тоҷикистонро бифурӯшад.


Ширкати Авосет Майнинг зимни як баёнияи расмӣ гуфт, дар музокирот роҷеъ ба фуруши саҳмияҳо пешрафти хубе ҳосил шудааст ва дар сурати тавофуқ натиҷаҳоро ба зудӣ эълом хоҳанд кард.


Ширкати бритониёӣ гуфтааст, дар семоҳаи ахири соли 2006 корхонаи муштараки Зарафшон, ки 25 дар сади саҳмияҳояш мутааллиқи давлати Тоҷикистон аст, 7 ҳазор 780 унция тилло тавлид кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта камтар будааст.


Корхонаи муштараки Зарафшон дар шимоли Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷакент воқеъ аст.
XS
SM
MD
LG