Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Туркия таърихи нави интихоботро таъин кард


Порлумони Туркия мувофиқат кардааст, то интихоботи умумӣ дар ин кишвар рӯзи 22 июл баргузор шавад.


Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон пас аз ботил кардани натиҷаҳои даври аввали интихоби раиси ҷумҳур аз сӯи додгоҳи қонуни асосии ин кишвар хостори баргузории интихоботи зудрас шуд.


Интихоботи мазкур ба манзури поён додан ба бӯҳрони сиёсӣ дар мавриди интихоби раиси ҷумҳури нави Туркия сурат мегирад.


Аҳзоби мухолифи давлати Туркия ва тарафдори арзишҳои дунёвӣ нигаронанд, ки ҳукумат мехоҳад, арзишҳои исломиро дар низоми идории Туркия ворид кунад.
XS
SM
MD
LG