Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар порлумони Аврупо вазъи ҳуқуқи узбакистониҳоро баррасӣ мекунанд


Кумитаи фаръии ҳуқуқи инсон дар порлумони Аврупо вазъ дар Ӯзбакистонро баррасӣ кард.


Раиси ин кумита Ҳелен Флотре гуфт, на дар таҳқиқоти давлати Ӯзбакистон дар робита ба ошӯбҳои соли 2005 дар Андиҷон ва на дар қазияи хабарнигори зиндонӣ Умеда Ниёзова ҳеҷ пешрафте мушоҳида нашудааст.


Ролф Шулзе бо намояндагӣ аз Олмон, раиси давраии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки дар инзиво қарор додани Ӯзбакистон роҳи ҳалл нест.


Шӯрои вазирони Иттиҳодияи Аврупо то ду ҳафтаи дигар таҳримоти ин иттиҳодияи ба зидди Узбакистонро бознигарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG