Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботҳои Русия ва сохтмони НБО-и Роғун


Намояндаи ширкати РусАЛ ин матлабро дар ҳоле эълом кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо сармояи як консорсиуми байнулмилалӣ сохта хоҳад шуд.


Вале намояндаи РусАЛ мегӯяд, ки ширкаташон барои омӯзиши тарҳи ин сохтмон се сол сарф кардааст ва, агар ба ҷои онҳо ширкати дигаре корро рӯи даст бигирад, се соли дигар аз даст хоҳад рафт.

Нвмояндаи ин ширкати русӣ ҳамчунин гуфт, ки ҷониби Русия бо доштани 50 дарсади саҳмияҳои НБО-и Роғун, шарики қонунии эҳдоси тарҳи ин нерӯгоҳ аст. Ӯ инро чунин тавзеҳ дод: «Мо таййи се сол тарҳи нерӯгоҳи Роғунро бо пуштибонии ҳукумати Русия омӯхтаем ва феълан аз ҷониби ҳукумати Русия барои тағйири мавзеъ фармоне нарасидааст. Гузашта аз ин, ширкати РусАЛ барои эҳдоси Роғун ба сармояи давлатӣ ниёз надорад».

Дар ин тавзеҳ ба ҳамкориҳои энержии Русияву Тоҷикистон эълом шудааст, ширкати РусАЛ-и Русия тирамоҳи соли 2004 дар Душанбе дар ҳузури руасои ҷумҳуриҳои Русияву Тоҷикистон барои анҷоми сохтмони ниругоҳи Роғун қарордод имзо кардааст. Вале баъдан миёни ҷонибҳо дар масъалаи баландии сарбанди обанбор ва тавоноии нерӯгоҳ ихтилоф сар зад, ки сабаби таваққуфи дигарбораи сохтмон шуд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш намояндаи ширкати воҳиди барқии Русия Андрей Раппопорт дар ҷараёни боздиди худ аз Душанбе эълом карда буд, ки, агар таъаҳҳудоти байни РусАЛ ва Тоҷикистон иҷро нагардад, идомаи сохтмони Роғунро РАО ЕЭС бар дӯш хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол коршиноси сиёсии рус Евгенй Волк дар робита ба сарнавишти НБО-и Роғун гуфтааст, то анҷоми интихоботҳои парлумонӣ ва президентии солҳои 2007 ва 2008 дар Русия сармоядорон аз ширкат дар иншоотҳои азими хориҷӣ худдорӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG