Ироқ макони пурхатартарини ҷаҳон барои фаъолияти хабарнигорон боқӣ мемонад. Танҳо соли гузашта дар ин кишвар 40 журналист ба ҳалокат расид. Моҳи гузашта хабари даҳшатноки қатли хабарнигори бахши ироқии радиои Озодӣ ба феҳрасти қурбониҳои ҷанг афзуд. Сергей Данилочкин, раиси ин бахш, оид ба куштори ҳамкораш хонум Хамойил Халаф дар шаҳри Бағдод чунин гуфт: "Вақте гузорише мерасад, ки дар он гуфта мешавад, ҳамкори шумо рабуда ва эҳтимолан шиканҷа шуда бераҳмона ба қатл расидааст, мусаллам аст, ки ин ҳодиса ҳар нафарро такон медиҳад, бахусус онҳоеро, ки бо вай чанд лаҳза пеш сӯҳбат карда ва ё ӯро дида буданд. Ин вокуниши аввали шумо мешавад. Аммо ба ҳар сурат, мо бояд дар назар дошта бошем, ки мардуми Ироқ ҳамарӯза бо чунин воқеияти даҳшатбор рӯбарӯ ҳастанд. Ва аксари онҳо медонанд, ки роҳи раҳойӣ аз чунин вазъ мавҷуд нест. Ту бояд фирор кунӣ ва ё бояд ба зиндагиву корат идома диҳӣ, чунки дар чунин шароит сарпаноҳ надорӣ"
Соли гузашта дар зиндони Ашқобод як хабарнигорони зани бахши туркмании радиои Озодӣ ва фаъоли ҳуқуқи башар дар шароити номуайян ба ҳалокат расид. Ҷаҳон Давлатова, раиси бахши туркмании радиои Озодӣ дар бораи корномаи Ӯғулҷамол Муродова чунин ёд кард: "Вай аз моҳи марти соли 2006 бо бахши туркмании радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекард. Вай дар гузоришҳояш ғолибан масоили иҷтимоиро баррасӣ мекард.Моҳи июл ӯ ба зиндон, бо ҷурми нигаҳдошти ғайриқонунии аслиҳа андохта шуд ва чанде баъд аз боздошташ моҳи сентябр дар маҳбас ба ҳалокат расид. Аъзои хонаводааш баъди дидани ҷисми ӯ, аломатҳои шиканҷаро ошкор карданд. Бо ҳамин сабаб онҳо таҳқиқ шудани сабаби марги модарашонро тақозо карданд, аммо то ҳанӯз ин дархости онҳо беҷавоб мондааст. То ҳол мо оид ба сабабҳои ҳалокати вай посухи расмии мақомоти Туркманистонро дарёфт накардем"
Раиси бахши туркмании радиои Озодӣ гуфт, ки баъди даргузашти Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳурии собиқи Туркманистон, фаъолони ҳуқуқи башар ва хабарнигорони мустақил интизори тағйироти ҷиддӣ дар сиёсати ин кишвар шуданд, аммо ба қавли хонум Давлатова, режими имрӯза ба шеваи пешина кори худро идома медиҳад. Ҳамакнун на танҳо кормандони Озодӣ, балки дигар хабарнигорони муқими ин кишвар таҳти назорати шадиди мақомот қарор доранд.
Шаҳодатҳои дигари фишору монеагузорӣ дар фаъолияти журналистонро дар Эрон дидан мумкин аст. Чандин моҳ аст, ки мақомоти ин кишвар хабарнигори радиои Фардо -ро иҷозаи тарки кишвар намедиҳанд. Парнози Азимо, хабарнигор ва мутарҷими маъруфи эронӣ моҳи январ вориди Эрон шуд ва мақомот дафъатан шиносномаи ӯро мусодира карданд. Амир Мусаддиқи Котузиён, иҷрокунандаи вазифаи раиси радиои Фардо ва «Садои Амрико» гуфт: "Бародараш ба ӯ гуфт, ки модарашон эҳтимол дорад ба зудӣ дар хоҳад гузашт ва агар ӯ хоҳад, ки барои бори охир модарашро бубинад, беҳтар аст биёяд. Вақте Нозии Азимо вориди фурудгоҳи Теҳрон шуд, мақомот шиносномаи ӯро мусодира карданд. Саволҳое дода шуд мисли ин ки "Ту CD дорӣ, куҷост он?". Вай воқеан намефаҳмид, ки мақомот дақиқан чиро дар назар доранд ва посух дод, ки ӯ мусиқӣ гӯш намекунад. Онҳо гуфтанд, ки "Ту медонӣ, сухан аз кадом навъи CD меравад, яъне он иттилооте, ки дар дохили ҷомадонат ҷо дода шудааст". Баъдан вай аз онҳо хоҳиш кард, ки борашро тафтиш кунанд ва мутмаин шаванд, ки чизе дар дохилаш нест. Онҳо тамоми чизеро, ки дар дохили ҷомадонаш буд, ҳамроҳ бо ду матлаби нотамоми тарҷума мусодира карданд".
Парнози Азиморо дар яке аз сӯҳбатҳояш бо мақомоти эронӣ пешниҳод карданд, бо сохторҳои иттилоотии ин кишвар ҳамкорӣ кунад. Оқои Котузиён мегӯяд, ки хонум Азимо чун як журналистӣ сарсупурда чунин пешниҳодро рад кардааст. Минтақаи дигари барои хабарнигорон хатарзо Ӯзбакистон аст. Баъди рӯйдодҳои хунини Андиҷон охири соли 2005 дафтари радиои Озодӣ дар Тошканд баста шуд. Собиқ хабарнигори ин бахш Носир Зокиров бо иттиҳомоти сохтаи мақомот ба зиндон андохта шуд ва ҳоло ҳам, ҳатто баъди озодшавиаш, бо азияту озори мақомот рӯбарӯ мебошад.
Ҳурмат Бобоҷонов, корманди бахши ӯзбакии радиои Озодӣ дар шаҳри Прага гуфт: "Носир Зокиров аввалин шуда оид ба рӯйдодҳои Андиҷон гузориш дод. Субҳ вай ба мо телефон кард ва гуфт, ки як гурӯҳе ба зиндони Андиҷон ҳамла намуда, баъзе маҳбусонро озод карданд. Аммо баъди чанд моҳ вай мавриди азияту озори шадид қарор гирифт. Ба идораи полиси Фарғона барои бозпурсӣ даъват шуд. Мо аз вай пурсидем, ки шояд барои фирор аз бадрафториҳои мақомоти амниятӣ кишварро тарк мекунад? "На, ман рафтан намехоҳам", гуфт ва гуфт, ки корашро идома медиҳад. Дар ниҳояти амр Носир Зокиров бо иттиҳоми ҳамла бо афсари амниятӣ боздошт шуд. Ҳодисаи мазкур бахубӣ намоиш медиҳад, ки мақомоти маҳаллӣ ҳама василаро барои пахш кардани садои журналистон ба кор мебаранд"