Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Либоспӯшии эрониву тоҷикӣ: Ду ҷомеъа, ду бархӯрд,як мавзӯъ


Эрониҳо мегӯянд, ки ин як амали маъмулии мақомот аст, ки бо фарорасии гармиҳо назоратро бар сару либоси занон шадидтар карда, ҳузури онҳоро бо рӯсариҳои рангаву чодарҳои тангу ба тан часпида дар кӯчаву хиёбонҳо ва маконҳои ҷамъиятӣ ҷилавгирӣ мекунанд. Маъмулан, он занҳое, ки боздошт мешаванд, ба идораи полис оварда шуда, забонхат менависанд, ки дигар бо либоси "номуносиб" гардиш нахоҳанд кард. Аммо тадбирҳое, ки ахиран гирифта шудааст, аз назари шоҳидони айнӣ, бесобиқа будааст. Илова ба сару либос, ҳафтаи пеш мақомот ба сартарошҳо амр доданд, ки аз қайчизании мӯи мардон ба шеваи ғарбиву аврупойӣ худдорӣ кунанд, вагарна муҷозот мешаванд. Тоҷирон ҳам аз фурӯши анвои либоси ғайриисломӣ ҳушдор дода шудаанд.


Пӯшиши ҳиҷобу чодар ва дигар сару либосҳои мазҳабӣ баъди инқилоби исломии соли 1979 ҳатмӣ шуд ва аммо то ҳол, бо гузашти 28 сол, мақомот бояд ба таври иҷборӣ риояи ин қоидаро талаб кунанд. Аксар эътирозгарони чунин қавонин ҷавонҳо ҳастанд, ки дилашон мехоҳад озод, ҳамсон бо ҳамсолони кишварҳои ғарбиву аврупоиашон бошанд. Сайид Пайвандӣ, ҷомеашиноси эронист, ки дар Париж кор мекунад. Вай мегӯяд, ки "мақомоти мазҳабиву сиёсӣ дар маҷбурсозии ҷавонон барои пӯшидани либоси мазҳабӣ ноком шуданд ва дар натиҷа, дар ҷомеъа бархӯрди фарҳанги давлативу як фарҳанги вижае мушоҳида мешавад, ки дар миёни ҷавонон рушд кардааст".


Мавзӯъи фишор болои сару либоси ҷавонон барои ҷомеъаи Тоҷикистон ҳам хеле хуб ошно аст, аммо аз тарафе комилан баръакс. Амрҳои ахири вазорати маориф барои манъи пӯшиши либоси мазҳабӣ дар мактабу донишгоҳҳо эътирози онҳоеро ба бор овард, ки баръакс, мехоҳанд ба пайравӣ аз эътиқодҳои худ, рӯсариву чодар ва ҳиҷобҳои исломиро ба бар кунанд. Муддатест дар расонаҳои Тоҷикистон дар ин замина баҳсҳои зиёд ҷараён дорад ва ҷавононе, ки аз ин гуна амрҳои мақомот нороҳат ҳастанд, ба поймолшавии ҳуқуқи инфиродии худ ишора мекунанд. Дар заминаи фишор болои либос дар ҷомеъаҳои Тоҷикистону Эрон сӯҳбате доштам бо Нобовар Чаноров, овозхони маҳбуби ҷавонҳои Тоҷикистон, ки мегӯяд, ҳамеша ҷонибдори озодӣ буд. Вай гуфт, азбаски худ озодипараст аст, ҳама гуна маҳдудиятҳову фишорро намепазирад.


Ва гуфт ҷавонҳо бояд озод бошанд. Ҳар касе, ки дилаш мехоҳад либоси мазҳабӣ ба бар кунад, бигузор кунад. Ман танҳо ҷонибдори он ҳастам, ки ҳама чиз маданӣ бошад. Ҷавонҳоро хос аст, ки ба ин ё он падидаи нав майл кунанд. Фикри ман ин аст, ки бигузор ҳама чизро имтиҳон кунанд. Ман,масалан, давраҳое буд, ки арақ нӯшида сигор мекашидам. Аммо ин ҳама гузашт! Ин дар гузашта буд ва ман мӯътод нашудам, худоро шукр". Нобовар Чаноров гуфт, ки ҷорисозии маҳдудиятҳо нисбати либоси ҷавонҳо, дар кадом ҷомеъа ки бошад, кори дуруст нест, чунки ҷавонҳо маъмулан аз мӯд пайравӣ мекунанд, дар завқу салиқа пешрафтатар ҳастанд ва рӯҳан озод мебошанд. Озодипарастиву озодихоҳӣ, ба андешаи Нобовар, ки худро "сӯфӣ" мегӯяд, муҳимтарин арзиши инсонӣ аст. Рӯшанфикрони эронӣ мегӯянд, ки ҳама гуна фишору маҳдудиятҳо, дар кадом шароит ва ҷомеа, ки бошад, боиси ба миён омадани ноқаноатмандиҳову мухолифатҳо, зиддиятҳову эътирозҳо мешавад.
XS
SM
MD
LG