Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии муштзани Тоҷикистон Соҳиб Усаров дар Маскав


Вай дар раунди дуввум ҳарифашро зада аз по афтонд ва бо нокаут ғалаба кард. Соҳиб Усаров, ки дар Русия ба сар мебарад, дар ҳамаи панҷ қувваозмоии худ дар бокси ҳирфаӣ ҳарифонашро шикаст додааст. Пеш аз ин муҳориба вай бар Сӯҳробҷон Усмонов, аз Тоҷикистон, Павел Кубасов, аз Русия, Самариддин Холбоев ва Тоҳир Иброҳимов, ҳарду аз Қазоқистон ғалаба карда буд.


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар навъи кросс ё пойга ба масофаи дур дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба анҷом расид.

Чаҳор варзишгари шаҳри Турсунзода ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Сотиболдӣ Ҳаитов дар сабқати мардон дар давидан ба масофаи 8 километр бо натиҷаи 25 дақиқаю 3 сония мақоми аввалро касб кард. Надима Мирзоева дар давидан ба масофаи 2 километр бо натиҷаи 7 дақиқаю 21 сония миёни занон пирӯз шуд. Хоҳари ӯ -Нодира Мирзоева дар сабқати духтарони аз 14 то 17-сола дар давидан ба масофаи 1, 5 километр бо натиҷаи 5 дақиқаю 15 сония дар мақоми аввал қарор гирифт. Рушана Сафарова масофаи як километрро байни духтарони аз 10 то 13-сола аввалин шуда тай кард.

Ду варзишгари ноҳияи Мӯъминобод - Ҷумъахони Миралӣ дар пойгаи наврасони аз 14 то 17-сола ба масофаи 5 километр бо натиҷаи 16 дақиқаю 1 сония ва Маҳмадулло Шарифов дар давидан ба масофаи 3 километр байни бачаҳои аз 10 то 13-сола ғолиб шуданд.

Гулаҳмад Назаров, раҳбари мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ба радиои Озодӣ гуфт, беҳтарин давандаҳои тоҷик Аҷмал Амиров ва Сотиболдӣ Ҳаитов дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар Тайланд ва Ҳиндустон ширкат хоҳанд кард.



Рӯзи 3-юми май дар Тоҷикистон ҳафтаи футбол аз рӯи барномаи Олимпиадаи махсус оғоз шуд, ки то 9-уми май идома хоҳад кард.

Дилбар Шарифова, мудири иҷроияи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар бозиҳо варзишгарони навраси маълули тоҷик аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат меварзанд.


Дастаи мунтахаби наврасони сездаҳсолаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии мураббиён Раҷаб Расулов ва Ҳикмат Фузайлов дар мусобиқоти анъанавӣ бо номи «Фестивали футбол», ки аз 3-юми то 8-уми май дар пойтахти Бангладеш - шаҳри Дакка баргузор мешавад, ширкат меварзад.
XS
SM
MD
LG