Пайвандҳои дастрасӣ

Озодии сухан


Ба ростӣ, нахуст ҷойе, ки озодии суханро дидам ин ҳамин сомонаи интернетии радиои Озодӣ аст. Зеро ин сомона ба доди мо мерасад. Ва мо озодона гуфтаниҳоямонро дар ин ҷо арз медорем. Ба сомонаи радиои Озодӣ барои чунин кораш ташаккур мегӯям. Охир чаро не, мо дар ватани азизамон ҳаққи озод сухан гуфтанро надорем.Ман тарафдори суханони бародар Абдусамади Карим мебошам. Мо дар Тоҷикистон озодии суханро намебинем ва ин монеаи ҷиддӣ дар роҳи пешрафти кишварамон аст. Мутаассифона аз ин нуктаи нозук бисёриҳо огоҳ нестанд ва бинобар ин ақибмонии ҷомеаро дар дигар чӣ мебинанд, масалан дар дин ё мазҳаб. Ҳол он, ки дин иборат аз гуфтаҳои Худованд аст ва Худованд ҳамеша моро ба сӯи талош ва пешравӣ амр мекунад. Худо дар Қуръон мефармояд: Бигу ай паёмабар ба мӯъминон,ки амал кунанд, пас ба зудӣ Худованд натиҷаи амали шуморо хоҳад дод. Ин ояи Қуръон ба он далолат мекунад,ки мо бояд дар ҳама соҳа талош ба харҷ диҳем ва озод бошем то ҷомеъаи худамонро пеш барем.

Бо эҳтиром Тоҷикпур
---------------------------------------
Ба Тоҷики Озод

Ман ба ақидаи ботили шумо мувофиқ нестам. Сарнавишти нашрияҳои «Рӯзи нав» ва «Нерӯи Сухан», ки бидуни ҳукми додгоҳ бо хост ва чашмпӯшии ҳукумати Тоҷикистон амалан мутаваққиф гаштаанд, далели равшану мушаххаси фикри банда аст. Муҷтамаъи интишоротии «Шарқи озод» ва чопхонаҳои дигари кишвар ягон нашрияи дигарандешу озодро ҳаргиз чоп намекунад. Чунки бо як ишораи ҳукумат худ аз фаъолият хоҳанд монд.
Ҳафтаномаҳое, ки имрӯзҳо ба табъ мерасанд, умуман баёнгари фикри аслии соҳибони ин «газета»-ҳо ва мардум нестанд. Ва он, ки Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон рӯзи 3 май Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озодро таҷлил карда, ба баъзе «журналистони беҳтарин» ҷоизаҳо додааст, аслан аз рӯи инсоф нест, чунки худи ин иттиҳодия озод нест ва аз хоҳишу нозу нӯзи ҳукумату давлат вобаста аст.
Дигар ин, ки дар чунин рӯз дар ҳамоиши журналистон ширкат намудани намояндагони ҳукумате, ки ба озодии ҳақиқии матбуот ва умуман ВАО зид аст ва созмонҳои хориҷие, ки аз ин гуна ҳукумати худкома дифоъ мекунанд ё худсариҳои онро нодида мегиранд, мояи таъассуф ва нанг аст.

Мурод Азизов, шаҳри Душанбе.
---------------------------------------
Ба номи Худо, салом
Ба назари ман озодии сухан ҳаққи ҳар як шаҳрванди Точикистони азизамон мебоашад, аммо озод будан дар сухан ин маъноро надорад, ки ҳарчи диламон хоҳад бигуем бояд дар як чоҳорчубаи муаян бошад, яъне қонунмандона сухан бигўем.Мутасифона ин озодии суханро дар кишварамон мушоҳида намекунем. Мехоҳем, ки камбуди бародарамонро бигуем чурат карда наметвонем, ки уро роҳнамои кунем.Бъзеҳо аз озодии сухан ин маъноро мегиранд, ки танқид кардан ба дигари, вале ин маъно иштибоҳ аст. Агар бародари мо нисбат ба мо озодии сухан надошта бошад мо фикр мекунем, ки ҳар кореро анчом медиҳием дуруст аст, аммо баракси ин бошад мо ба иштибоҳоте, ки анчом медиҳем пай мебарем ва онҳоро ислоҳ мекунем.Малъум аст, ки инсон хато кор аст ба ғайр аз Паёмбарони илоҳи.Ман озодии суханро фақат ба фақат дар сомонаи интернтии радиои озоди мушоҳида мекунам суханамро озодона ва қонунмандона мегуям ва онҳам нашр мешавад. Мутасифона баъзеҳо аз ин сомона шояд нороҳат бошанд, ки чаро номахои мо пахш намешавад малум аст, ки чун саханони мо аз чаҳорчуби қонуни берун аст ба ҳамон хотир мунташир намешавад инчон муқассир худи мо ҳастем на сомонаи интернетии радиои озоди.

Бо эҳтиром
Абдусамади Карим
---------------------------------------
Ба Кова

Гунаҳкор сохторҳои давлатӣ нестанд, гунаҳкор мардум аст. Матбуъоти озод нест маънояш,ин аст,ки ки мардум талаб намекунад, агар харидории рузномаҳое, ки аз озодии матбуъот дуранд кам гардад, рӯзноманигорон барои дарёфти хонанда кӯшиш мекунанд, то озодона сухан ронанд.

Тоҷики Озод
----------------------------------------

Озодии Сухан ҳаққи ҳар як шаҳрванд мебошад, агар мо хоҳони тараққӣ ва пешрафти ватанамон бошем, бояд ба ҳар кас ин ҳақ дода шавад,ки андешаву назари худро ё ба гунаи тарафдорӣ ва ё ба навъи мухолифат баён кунад ва тибқи он суханҳо ,ки бетарсу ҳарос гуфта мешаванд,натиҷагирӣ кард. Вагарна ҷамъ шудани овози мардум андаруни дил рӯзе аз рӯзҳо бо шиддат ва қувват берун мебарояд,ки шояд он вақт боиси мушкилоти зиёд гардад. Аммо мутаассифона мардуми мо аз ин озодии фитрӣ маҳрум аст. Далелаш ҳам манъи нашри баъзе аз нашрияҳои озод, мисли «Нерӯи cухан» ва ғайра...

Падари Саъдӣ
----------------------------------------
Моҳи сентябри соли гузашта дар арафаи иди истиқлоли Точикистон бо хабарнигори яке аз нашрияҳои кишвар вохурдем. Он кас хостанд, то оиди ин ид ва умуман вазъи Точикистон чизе бигуям. Ман назари худро аз нигоҳи демократия ва воқеъияти он вақтаи ҷумҳурӣ иброз кардам. Дар охир он шахси бисёр ҳам олиҷаноб гуфтанд, ки чопи нигориши шумо ин қадами бузургест барои ғуруб ва нестии матбуотамон. Газета, радио ва телевизионро,ки баёнгари сухананд, барои "ноозоди"-ашон имрӯз наметавон гунаҳкор кард. Айб дар гардани кумитаҳои давлатӣ ва шахсони алоҳидаи баландрутба, ки онҳоро зери назорат доранд. Ва умуман ҳоли ҳозир озодии баён дар Тоҷикистон валангор ва дар «марҳалаи ибтидоии таҳавуллот» аст.

Кова





Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG