Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миклош Ҳарастӣ: "Озодии сухан дар Тоҷикистон ба хубӣ таъмин намешавад"


Миклош Ҳарастӣ намояндаи САҲУ дар умури озодии матбуот гуфт, сарфи назар аз вуҷуди дастрасӣ ба иттилоот қонунҳои заъиф ва таъқиби хабарнигорон қудрати таҳқиқотии онҳоро заъиф кардааст.


Бахшида ба рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, ки ҳар сол дар таърихи сеюми май таҷлил мешавад, Миклош Ҳарастӣ натиҷаҳои як пажӯҳиш доир ба дастрасӣ ба матбуотро дар шаҳри Брюссел муаррифӣ мекунад.


Миклош Ҳарастӣ гуфт, бо вуҷуди кафолат додани озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон ин ҳуқуқ ба хубӣ таъмин намешавад ва ҳатто дар баъзе маворид дар ин кишвар ба хабарнигорон аз додани иттилооти оддӣ, аз ҷумла доир ба теъдоди беморони тиф, омор доир ба гусастани ақди никоҳ, худкушӣ ва пули сарфшуда барои рӯзи ҷавононро худдорӣ кардаанд.


Як рӯз пеш аз ин Хонаи Озодӣ созмони ҳомии ҳуқуқ Тоҷикистонро аз назари озодии матбуот кишвари ноозод тавсиф карда буд.
XS
SM
MD
LG