Пайвандҳои дастрасӣ

Конгресси Амрико ветои раисиҷумҳурро ботил карда натавонист


Маҷлиси намояндагони Амрико натавонист, ветои раиси ҷумҳур ба қарори конгресс дар мавриди сармоягузории ҷанги Ироқ ва ихроҷи нерӯҳо аз ин кишварро ботил кунад.


Ҳангоми раъйгирӣ дар Маҷлиси намояндагон 222 нафар ба ҷонибдории ботил кардани вето ва 203 нафар мухолиф ба он раъй додаанд, ҳарчанд барои ботил кардани ветои президент аз се ду ҳиссаи раъйи вакилон зарур аст.


Ин раъйдиҳӣ чанд дақиқа пеш аз мулоқоти раиси ҷумҳур Ҷорҷ Буш бо намояндагони конгресс дар робита ба пешнависи қонуни нав доир ба маблағгузории ҷанги Ироқ баргузор шуд. Вакили бонуфузи Ҳизби Демократ Ҳаррӣ Рейд баъди ин нишаст дигарбора гуфт, ки ҷанг дар Ироқ бояд хотима дода шавад.
XS
SM
MD
LG