Пайвандҳои дастрасӣ

Қудратҳои ҷаҳонӣ Эронро баррасӣ мекунанд


Имрӯз, дуввуми май, мақомоти баландпояи шаш қудрати ҷаҳонӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон ва намояндагони Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Лондон гирди ҳам меоянд.


Онҳо дар ин нишаст мулоқоти чанде пеши Алии Лориҷонӣ, музокиракунандаи аслии ҳастаии Эрон ва сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо Хавиер Соланаро баррасӣ мекунанд.


Дар он мулоқот Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амниятии миллии Эрон гуфт, ки дар талошҳои Иттиҳодияи Аврупо барои ҳалли бӯҳрони ҳастаии Эрон пешрафт ҳосил шудааст.
XS
SM
MD
LG