Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон як пулиси ҳаждаҳсоларо сар заданд


Волии вилояти Қандаҳор воқеъ дар ҷануби Афғонистон гуфт, пайкорҷӯёни Толибон як корманди 18 солаи пулисро сар буридаанд.


Ниёз Муҳаммад Сарҳадӣ гуфт, аъзои Толибон ин пулиси навҷавонро ҳангоми бозгашташ ба кор дар рустои Мушони ноҳияи Панҷвой дастгир кардаанд.


Ба гуфтаи вай, террористҳо корманди пулисро сар бурида ва ҷасади бесари ӯро дар мактаби деҳа партофтаанд.
XS
SM
MD
LG