Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абӯ Айюб ал-Масрӣ зинда аст?


Як гурӯҳи тундрави суннимазҳаби Ироқ хабари кушта шудани раҳбари "ал-Қоида" дар Ироқ Абӯ Айюб ал-Масриро такзиб кард.


Дар баёнияи ин гурӯҳ, ки ахиран дар Интернет интишор ёфтааст, Абӯ Айюб ал-Масрӣ зиндаву солим эълон шудааст.


Ин дар ҳолест, ки пештар аз ин вазорати умури дохилаи Ироқ эълом карда буд, ки бар тибқи гузоришҳои дарёфтнамудааш ал-Масрӣ дар даргирӣ миёни худи шӯришиён дар шимоли Бағдод кушта шудааст.


Низомиёни дар ин кишвар мустақари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин гузоришҳоро таъйид накардаанд.


Абӯ Айюб ал-Масрӣ пас аз дар соли гузашта кушта шудани тундрави урдунӣ Абӯ Мусъаб Зарқовӣ, раҳбари қаблии "ал-Қоида" дар Ироқ, ҷойгузини ӯ шуда буд.
XS
SM
MD
LG